Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Худованд мефармояд: «Эй фарзандони Одам, зинат ва ороиши худро назди ҳар масҷиде баргиред ва бихўред ва бинўшед, ва(ле дар он) исроф ва зиёдаравӣ накунед, ки Ў воқеан ҳам исрофкоронро дўст надорад!».282

З-обу нон то лаб шикамро пур масоз,
Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охўр масоз!

Рўз кам хур гарчи соим нестӣ,
Пур махўр, охир баҳоим нестӣ!

Эй кӣ дар хобӣ ҳама шаб то ба рўз,
Баҳри гўри худ чароғе барфурўз!

Хобу хўр ҷуз пешаи анъом нест,
Хуфтагонро баҳра аз инъом нест.
(Аттори Нишопурӣ, Панднома)

Яке аз фавоиди дигари рўза барои шахси соим он аст, ки бо коҳиши ҳаҷми умумии хўрду хўрок ва танзими реҷаи ғизоӣ дар зарфи як моҳ ўро барои риояи ҳадди эътидол ва низоми дурусти тағзия пас аз он омода месозад.
Тайи ним қарни гузашта, ба хусус дар се даҳаи ахири он таҳқиқотҳои зиёд ва гуногунабъоде аз сўи марказҳои беҳдоштӣ ва клиникии баъзе кишварҳо дар бораи таъсири рўза ва имсок бар саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон сурат гирифта ва баъзе донишмадони ғарбӣ онро ҳам ба ҳайси тибби виқоӣ тавсия ва ҳам ба унвони методи дармонӣ барои анвоъе аз бемориҳо ба кор бурдаанд. Ҳатто дар кишваре ба монанди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (СССР), ки низоми идеологии он ба дурустии ҳеҷ арзиши динӣ ва нафъи ҳеҷ гуна таълимоти илоҳие эътироф надошт, натавонистаанд аз осор ва фавоиди беҳдоштӣ ва равонии имсок ва гуруснагӣ сарфи назар намоянд, балки вазорати Тандурустии СССР соли 1952 ба таври расмӣ онро ба унвони яке аз методҳои дармонӣ таъйид намуд.

282 Сураи Аъроф, 7: 31.
Ин воқеият ба таври барҷастае ба он далолат дорад, ки одамӣ дар ҳама чиз, ҳатто дар риояи барномаи ғизоӣ ва реҷаи тағзияи солими худ ба пайравӣ аз мактаби фикрӣ-эътиқодӣ ва ба пойбандӣ ба андешаи нерўманд ва созандаи фарҳангӣ-диние ниёз дорад ва онро бе такя ба чунин таҳдоби имоние дуруст ба роҳ монда наметавонад.

пешина
аз 190
навбатӣ