Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Одоб ва суннатҳои қурбонӣ

Фақеҳони киром маҷмўаи одоб ва мустаҳабботеро зикр кардаанд, ки шахси қурбоникунанда баъзе аз онҳоро пеш аз забҳи қурбонӣ, баъзеро ҳангоми забҳ ва баъзе дигарро пас аз забҳ бояд риоя намояд. Корҳоеро низ ёдовар шудаанд, ки анҷом додани онҳо дар рафти қурбонӣ кардан кароҳият доранд. Риояи мустаҳаббот бар аҷри қурбонӣ меафзояд ва макрўҳот онро ноқис мегардонанд. Касе дар рафти анҷоми қурбонӣ мустаҳабботро риоя ва аз макрўҳот дурӣ гузинад, иншоаллоҳ, аҷри қурбониро ба таври комил ба даст меоварад. Қисмате аз ин корҳо қаблан зикр гардид ва ҳоло бахши дигари онҳоро ёдовар мешавем:

  1. Бо банде бастани қурбонӣ.
  2. Ҳангоми забҳ онро бо лутфу нармӣ ба сўи забҳгоҳ бурдан.
  3. Агар чорвои қурбониро муддате пеш аз рўзи ид харида бошад ва ё аз байни гову гўсфандони хоҷагиаш якеро барои қурбонӣ дар назар гирифта бошад, онро то рўзи ид нағз тарбия ва нигоҳубин намояд.
  4. Чорвои фарбеҳ ва хубро барои қурбонӣ интихоб ва харидорӣ намояд. Зеро тамоми ин корҳо навъе бузургдошт ва изҳори таваҷҷўҳ ба ин шиори Ислом ва шаоири дини Худо ба шумор мераванд ва Худованд мефармояд: «Ин ва касе шаоири Аллоҳро бузург дорад, ин амали вай аз тақвои дилҳост».278
    5.Қурбониашро агар ба куштани чорво қодир бошад, бо дасти худаш забҳ намояд. Зеро он қурбат ва ибодат аст ва беҳтар аст, ки ба дасти худаш анҷом гирад. Дар сурати қодир набуданаш шахсе бо ваколат аз вай онро забҳ намояд ва ин низ ҷоиз аст ва аз аҷри он чизе кам намесозад.
  5. Чорвоеро аз байни гову молаш барои қурбонӣ муайян созад ва ё муддате пеш аз ид барои қурбонӣ харидорӣ намояд, агар он чорво пас аз муайян кардан ва харидорӣ намудан барра ва ё гўсола кунад, онро низ бояд ҳамроҳи модараш қурбонӣ кунад. Ҳамчунин агар дар вақти забҳ барра ва ё гўсолааш зинда берун ояд, онро низ бояд забҳ намояд.
    Вале агар барра ва ё гўсола пеш аз муайян кардан ва ё харидорӣ намудан барои қурбонӣ таваллуд шуда бошад, он дигар дар ҳукми қурбонӣ дохил намешавад.
  6. Агар то замони ид рўзҳои каме боқӣ монда бошад, дигар тарошидан ва истифода аз пашми қурбонӣ ҷоиз нест, вале агар то иди Қурбон чанд моҳ боқӣ монда бошад ва гузоштани пашм сабаби лоғарии он гардад, тарошидан ва ислоҳи он ҷоиз аст, зеро ин амр аз ҷумлаи корҳои парвариш ва нигоҳубини чорво ба шумор меравад.
    Ривоят шудааст, ки марде аз аҳли Ҳамдони Яман ба назди Алӣ (р) омад, дар ҳоле ки говеро бо гўсолааш бо худ мебурд. Гуфт: Ин говро харидам, ки қурбонӣ кунам, он гўсола кард. Алӣ (р) фармуд: Ба ҷуз фазл (зиёдатӣ)-и гўсола аз шири он нанўш ва рўзи ид онро ҳамроҳи гўсолааш аз тани ҳафт нафар қурбонӣ кун!.279
  7. Вақте чорвоеро барои қурбонӣ муайян намуд ва ё харидорӣ кард, дигар фурўхтан ва иваз кардани он ҷоиз нест. Зеро он барои қурбат муқаррар гардидааст, пас истифода аз пули он ҷоиз нест, чӣ тавре истифода аз пашмаш ҷоиз набуд.
  8. Пеш аз забҳ дар гўшае дуртар аз чашми ҳайвони қурбонӣ кордро тез намояд. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) вақте хост қурбониашро забҳ намояд, ба ў гуфт: «Эй Оиша, кордро бо санге тез карда биовар».280

Зи хашму шаҳвату аз ҳирсу кина,
Тиҳӣ кун, эй писар, имрӯз сина!
Зи ман бишнав раҳо кун лаъбу тибат,
Даҳони худ бишӯй аз куфру ғибат!

Пас он гаҳ рӯза гир аз ҳарчи манҳист,
Агар донистаӣ, к-ассавму лӣ чист!
Ба сурат рӯза тарки обу нон аст,
Ба тарки дуни Ҳақ маъниш он аст!

Чу хоҳӣ дошт рӯза чашм дарпӯш,
Макун ғибат вагар гӯянд, манюш!
Ба куллӣ аз ҳама бадҳо ҳазар кун,
Чу бинӣ бад, чу бод аз вай гузар кун!

Ба ҳақ гиру ба ҳақ дору ба ҳақ хӯ(ва)р,
Ки сирри рӯза ин аст, эй бародар!
Касеро бошад ин маънӣ мусаллам,
Ки тарки худ кунад валлоҳу аълам!

Ба идимон либоси офият деҳ,
Ки дар дунёву уқбо офият беҳ!
(Маҳмуди Шабистарӣ, Канзулҳақоиқ)

278 Сураи Ҳаҷ, 22: 32.
279 Сунани Куброи Байҳақӣ, 19729. – Ҷ. 14. – С. 229; Маҷаллаи буҳуси исломӣ, шумораи 62. – С. 377.
280 Саҳеҳи Муслим, 5064 (1967)-19.

пешина
аз 190
навбатӣ