РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳамчунин агар рўзадореро маҷбуран бихўронанд ва ё бо фаромўшӣ ва ё ба ваҷҳи хато ва ё дар ҳолати изтирорӣ рўзаашро бихўрад, дар ин ҳолатҳо низ бар вай каффорате воҷиб намегардад. Хато ин аст, ки масалан, шахсе ба гумони ин ки ҳанўз субҳ надамидааст, саҳарихўриро идома диҳад ва баъдтар маълум шавад, ки субҳ кайҳо дамидааст ва ё дар рўзи абрӣ ба гумони ин ки офтоб нишастааст, ифтор намояд ва пас аз каме маълум гардад, ки ҳанўз офтоб нанишастааст. Ё дар вақти вузў даҳонашро обгардон намояд ва миқдоре об ба ҳалқаш фурў равад.
Ин корҳо аз вай на қасдан сурат гирифта ва на саҳван – бо фаромўшӣ сар задаанд, зеро дар тамоми ин суратҳо рўзааш дар хотираш буд, вале дар суратҳои аввал дар таъйини дақиқи дамидани субҳ ва ё нишастани офтоб ба хато роҳ додааст ва дар сурати ахир миқдоре об ба таври хато ба ҳалқаш фурў рафтааст.
Дар тамоми суратҳои зикршуда, ба ҷуз кўдаки ба балоғат нарасида, қазо ҳатман бар шахс воҷиб мегардад, вале каффорат надоранд. Зеро каффорат аз ҷониби шаръ дар сурати камоли ҷиноят дар фосид намудани рўза пешбинӣ шудааст ва он бо таҳаққуқи шартҳои номбурда ба вуҷуд меояд.
Чӣ тавре мушоҳида мешавад, барои ҷуброни рузаи фосидшуда дар моҳи Рамазон илова бар қазои он рўзе, ки фосид шудааст, дар маҷмўаи қонунгузории шаръ ҷаримае ҳам бо номи каффорат пешбинӣ шудааст, зеро дар ин ҳолат ҳатки ҳурмати моҳи Рамазон – фаризаи худовандӣ – ва беэҳтиромии ошкоре нисбат ба муқаддасоти Ислом сурат гирифтааст. Вале аз он ҷо ки ин чорабинӣ ба унвони ҷарима ва ба сурати ҷазое пешбинӣ шудааст, шариат доираи онро хеле маҳдуд намуда, ҳолатҳои воҷиб гардидани онро бо шартҳои амалие вобаста кардааст, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ кам ба вуқўъ меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё