Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ба ин маъно, ки каффорат вақте бар шахс воҷиб мегардад, ки дар моҳи Рамазон рўзона қасдан бе ҳеҷ гуна узри шаръӣ ва ё шубҳае аз вуҷуди узрҳо рўзаашро, ки тамоми шартҳои камол дар он таҳаққуқ ёфта бошанд, бо яке аз се мамнўоти рўза: хўрдан, нўшидан ва ё ҳамбистарӣ ба таври комил фосид намояд. Аммо агар камоли шаръӣ дар яке аз ашёи номбурда мавҷуд набошад, масалан, аз шаб нияти рўза накарда бошад208 ва ё рўз ҳанўз равшан нагашта бошад, яъне шубҳаи бақои шаб ўро ба ин кор водошта бошад ва ё пеш ё пас аз фосид намудани рўза яке аз узрҳои шаръӣ барояш пеш ояд ва ё амали ҳамбистариро дар ҷои худ анҷом надиҳад209 ва

208 Дар назди машоихи мазҳаби ҳанафӣ нияти рўзаи моҳи Рамазон ҳамон гуна ки шабона ҷоиз мебошад, рўзона низ то пеш аз завол дуруст мегардад. Агар касе шабона то дамидани субҳ бедор нашавад, метавонад пас аз дамидани субҳ то пеш аз завол вақте чизе нахўрда бошад, нияти рўза намояд ва бо ҳамин рўзааш дуруст мегардад. Вале аз назари бузургони шофеъӣ ва аксари аҳли илм шабона бастани ният шарт аст ва агар он шабона то пеш аз дамидани субҳ баста нашавад, рўзаи шахс дуруст намегардад. Зеро аз Ҳафса (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Касе барои рўза пеш аз дамидани субҳ (аз шаб) ният накунад, барояш рўзае нест». (Сунани Абўдовуд, 2454; Сунани Тирмизӣ, 730; Сунани Насоӣ, 2330-2342).
Машоихи ҳанафӣ ин ҳадисро ба шароити камоли рўза ҳамл намуда ва ниятро аз шаб хуб ва афзал донистаанд. Вақте шахс аз шаб нияти рўза накарда бошад, ҳарчанд нияти вай то пеш аз завол дуруст мегардад, вале аз он ҷо ки яке аз шароити камоли савм барояш таҳаққуқ наёфтааст, бо фосид намудани он каффорате бар вай воҷиб намегардад.

Лек мар вақтиву навофилро,
То ба пеш аз завол ҳаст раво.
Ҳамчунин гар халал талаб накунӣ,
Нияти рўза ҷуз ба шаб накунӣ!.
ё чизеро, ки хўрда ва ё нўшидааст, маъмулан аз ашёи хўрокӣ ва маводи доруӣ набошад, ба монанди фурў бурдани сангреза, гарду ғубор, пашша ва ғ., дар тамоми ин суратҳо каффорате бар шахс воҷиб намегардад.

209 Агар амали ҳамбистариро дар ҷои муқаррарии худ анҷом надиҳад, балки ба сурати тафхиз, истимно ва ғайра ниёзи ҷинсии худро бароварда созад, дар ин сурат бар вай каффорате воҷиб намегадад, балки фақат қазои рўза бар вай воҷиб аст.

пешина
аз 190
навбатӣ