Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ҲОЛАТҲОЕ, КИ НАГИРИФТАНИ РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН ДАР ОНҲО ИҶОЗАТ АСТ

Мусофире, ки намозҳои чаҳорракъатаро дар сафар ду ракъат мехонад, дар он сафар нагирифтани рўза низ барояш иҷозат аст, вале бояд қазои онро дар наздиктарин фурсати муносиб ба ҷо оварад ва мусофире, ки намозашро тамом мехонад, монанди касе, ки кори ў сафар аст, бояд дар сафар рўза бигирад. Дар сафаре, ки рўза боиси машаққат нагардад, гирифтани он беҳтар аст.
Беморе, ки бим дорад, ки бо рўза гирифтан беморияш зиёд мешавад, рўза нагирад ва пас аз беҳбудиаш қазои онро ба ҷо оварад. Вале агар рўза гирифтан ба бемории ў зарар надошта бошад, беҳтар аст, ки рўза бигирад.
Занони ҳомила ва ширдеҳ агар аз ҳалокати худ ё тифлонашон бим дошта бошанд, ҷоиз аст дар моҳи мубораки Рамазон рўза нагиранд, вале бояд қазои онро ба ҷо оваранд.
Ибни Аббос (р) дар тафсири ояти: «Ва бар касоне, ки рўзаро бо сахтӣ ва машаққат таҳаммул менамоянд, ба андозаи таоми як мискин фидя додан аст» мефармояд: «Ин барои пирамарди солрафта ва зани пир, ки ба зўр метавонистанд рўза бигиранд ва ҳамин тавр, барои зани бордор ва ширдеҳ, вақте бар (ҳалокати худ ва ё тифлаш) хафв барад, рухсате аст. Онҳо ифтор карда, ба ҷои ҳар рўз мискинеро таом медиҳанд».205 Вале назари машоихи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала он аст, ки зани ҳомила ва ширдеҳ, агар бар худ ва ё тифлаш хавф барад, ифтор намуда, дар муносибтарин фурсат қазои онро ба ҷо меоваранд ва ҳеҷ гуна фидяе бар онҳо воҷиб намебошад.
Дар ҳолати ҳайзу нифос рўза гирифтани занон ҷоиз нест, вале пас аз пок гаштан бояд қазои он рўзҳоро ба ҷо оваранд.

205 Сунани Абўдовуд, 2318.

пешина
аз 190
навбатӣ