РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Бинобар ин, назари иҷтиҳодии донишмандони муосир дар ин масоил аз мавқеи фиқҳии фақеҳони гузашта ё куллан ва ё қисман фарқ мекунад.
Маҷлиси «Маҷмаи фиқҳи исломӣ» дар нишасти давраи даҳуми худ, ки дар таърихи 23-28 моҳи сафари соли 1418 ҳ. (мувофиқ ба 28-уми июн то 3-юми июли соли 1997 м.) дар шаҳри Ҷаддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, пас аз шунидани баррасиҳои илмӣ ва тавсияҳои нишасти нўҳуми Анҷумани фиқҳи тиббӣ дар бораи шиканандаҳои рўза дар вақти муолиҷа, ки аз 9-ум то 12-уми моҳи сафари соли 1418 ҳ. (мувофиқ ба 14-ум то 17-уми моҳи июни соли 1997 м.) аз сўи Созмони исломии донишҳои тиббӣ дар шаҳри Дорулбайзои кишвари Мағриб (Марокаш) баргузор гардид, қарори зеринро ба тасвиб расонд:
а) Корҳои зерин шиканандаи рўза ба шумор намераванд:
- Чаконидани дору дар чашм ё дар гўш, шустани гўш, чаконидани дору дар бинӣ ва ҳамчунин доруҳои пошанда дар бинӣ, вақте таъми он бо оби даҳон фурў бурда нашавад.
- Истифодаи қурсҳое, ки барои бартараф намудани зиқи нафас, тапиши баланди дил ва дигар навъҳои беморӣ дар зери забон гузошта мешаванд, вақте таъми он бо оби даҳон фурў бурда нашавад.
- Шиёф ва ё маҳлулҳое, ки барои шустан ба маҳбил ворид карда мешаванд ва ҳамчунин дохил кардани дурбини ташхисӣ ва ё ангушти ташхиси тиббӣ ба маҳбил.
- Дохил кардани дурбини ташхис ба бачадони зан ва ё бастани даҳони он бо спирал.
- Дохил кардани дастгоҳи ташхис (найчаи борик) ё дурбини ташхис ё моддае, ки барои равшантар шудани нурҳои ташхисӣ мусоидат мекунад, ё дору ва ё маҳлуле барои шустани масона.
- Тоза ва пур (пломба) кардани дандон, кандани он, гирифтани сангҳои дандонҳо ва мисвок кардан бо мисвокчўб (шётка), вақте таъми он чи дар даҳон ҷамъ мешавад, бо оби даҳон фурў бурда нашавад.
- Мазмаза, ғарғара ва пошидани доруҳои газӣ ба даҳон, вақте аз фурў бурдани таъми он бо оби даҳон эҳтиёт шавад.
- Ҳуқна (укол)-ҳои муолиҷавие, ки дар зери пўст, мушакҳо ва рагҳои хунгард (вена) карда мешаванд, вақте маҳлулҳои ғизодиҳанда надошта бошанд, яъне барои қувват набошанд.
- Он чизе, ки аз тариқи сўрохҳо ва масомаҳои таркиби пўст ҷабида мешавад, ба монанди равғанҳо, марҳамҳо ва часпҳое, ки дар таркиби худ маводи доруӣ ва ё химиявӣ доранд.
- Дохил кардани найчаҳои борик ба шоҳрагҳо барои ташхис ва ё муолиҷаи рагҳои дил ва дигар узвҳои бадан.
- Дохил кардани дарунбин – эндоскоп (тораскоп) аз тариқи девори шикам барои муоинаи рўдаҳо ва ё анҷом додани амалияи ҷарроҳӣ дар он ҷо.
- Гирифтани пораҳои санҷишӣ – намуна (проба) аз ҷигар ва ё дигар узвҳо, вақте маҳлуле ба он ҷо ворид карда нашавад.
- Дохил кардани дарунбин – эндоскоп (гастроскоп) барои муоинаи меъда, вақте ба он маҳлул ва ё моддаи дигаре молида нашуда бошад.
- Дохил кардани дастгоҳ ва ё маводи доруӣ ба димоғ ва ҳароммағз.
Вале дар тамоми суратҳои зикргашта бояд табиби мусалмон беморро агар ба вай зараре нарасад, ба таъхири амалияҳои номбурда ба мобаъди замони ифтор насиҳат намояд.
Маҷлиси Маҷмаъ дар ин нишасти худ аз изҳори назар ва тасвиби қароре дар бораи шиканандаи рўза будан ва ё набудани баъзе амалияҳои дигар ҷиҳати омўзиши бештари мавзўъ худдорӣ карда ва онро ба нишастҳои баъдӣ мавкул намудааст:
- Истеъмоли доруҳои пошанда дар даҳон, ки ҷиҳати бартараф намудани тангии нафас ва дигар бемориҳои дил ба даҳон шапида мешаванд. Истиншоқ ва фурў бурдани бухори маводди бухоршуда.
- Интиқоли хуни табарруъшуда ба бадани шахси бемор дар аснои рўза.
- Маводди дармоние, ки дар ҳолати дуруст кор накардани гурдаҳо барои табобат онҳо ба сурати ҳуқна (укол) аз тариқи пардаи болои шикам – брюшина ва ё гурдаи сунъӣ ба бадан ворид карда мешаванд.
- Он чи ки аз роҳи мақъад ба бадан ворид карда шавад, аз қабили имола, шиёф, дурбинҳои дарунбин ва ғ.204
204 Нусхаи электронии қарорҳои «Маҷмаи фиқҳи исломӣ», қарори 93 (1/10).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё