Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ин пешбинии олими англисро бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Европа ва баъдан ҳамгироии минтақавӣ дар Америкаи Марказӣ, Канада, Африкаи Марказӣ, Америкаи Лотинӣ тасдиқ менамояд.

Бинобар ин дар асоси шарҳдиҳии мафҳуми ҳамгироии минтақавӣ саволе ба миён меояд, ки аз чӣ сабаб давлатҳои мустақил, қудратнок ва дар бозори ҷаҳонӣ шинохташуда бо мурури замон роҳи ҳамгироиро пеш мегиранд?

Аз нуқтаи назари илмӣ се сабаби асосии ҳамгироии минтақавӣ муайян карда шудааст:

  1. Ҳавасманд будани давлат.

Дар ҳолатҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ наздик ҷойгир шудани мамлакатҳо бо ҳам мутобиқ омадани манфиатҳои давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ҳавасмандии давлат афзуда, яке аз сабабҳои асосии бунёди ҳамгироии минтақавӣ мегардад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дар асоси принсипҳои зикршуда бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Европа, ки кулли давлатҳоро дар қитъаи Европа ҷойгиршуда, бунёди иттиҳодияи "НАФТА", ки ШМА, Канада ва Мексикаро, ҳамгироии минтақавии МЕРКОСУР, ки Аргентина, Бразилия, Парагвай ва Уругвайро бо ҳам муттаҳид намудаанд, мисол шуда метавонанд.

  1. Пешниҳодоте, ки аз нигоҳи илмӣ асоснок карда шудаанд.

Бо тақозои замон дар ҷамъият чунин мулоҳизаҳои ғоявӣ пайдо мешаванд, ки амалӣ кардани онҳо дар бисёр ҳолатҳо раванди иқтисодии мамлакатҳоро дигар намуда, ба муттаҳидшавии онҳо дар шаклҳои гуногун суръат мебахшад. Мисоли дар боло овардаи мо оид ба пешниҳоди олими англис К. Дойч давлатҳои Европоро дар муддати кӯтоҳтарин аз шакли оддитарини ҳамгироии байналмилалӣ ба марҳилаи олии он - марҳилаи иттиҳоди иқтисодӣ ва асҷорӣ бурда расонд.

  1. Интихоби дуруст ва аз ҷиҳати иқтисодӣ сарфакорона.

Дар ҳолатҳои бунёди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ду тамоилро ҳамеша фарқ кардан мумкин аст. Дар мадди аввал, агар бунёди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ аз инкишофи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳои муайяне, ки ҳаҷми тиҷорати

пешина
аз 785
навбатӣ