Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин пешниҳод дар соли 1957 дар Аврупои Ғарбӣ бо бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо амалӣ шуда, барои бароҳмонии саноати баъдиҷангӣ ва саноатикунонии қитъаи Аврупо нақши калон бозидааст.

  1. Муваффақиятҳои Иттиҳоди Иқтисодии Аврупоро ба назар гирифта, дар мафҳуми ҳамгироии минтақавӣ олимон назарияи наверо дохил намуданд, ки мазмуни асосии он аз ҳамоҳангсозии сиёсати давлатҳои аъзои сохтори ҳамгироӣ бо дархост ва пешниҳодҳои идораи миллии ин давлатҳо иборат буд. Мазмуни асосии ин ҳамоҳангсозиҳо аз он иборат буд, ки дастгирии ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар яке аз соҳаҳои хоҷагии халқ бояд омили равнақу ривоҷи раванди ҳамгироии кулли дигар соҳаҳо гардад. Мақсад аз ин нукта дар он аст, ки дар рафти тартиб додани созишномаи байнидавлатӣ оид ба оғози равандҳои ҳамгироӣ дар он бояд тамоми масъалаҳои ҳамкории байнидавлатӣ чунон дақиқ карда шаванд, ки иҷрои он тамоми талаботи аъзоёни ин раванди ҳамгироиро пурра таъмин намояд.

  2. Ва инак, ақидаи чоруми шарҳдиҳии ҷараёни пайдоиши ҳамгироии минтақавиро олими англис Карл Дойч аз нуқтаи назари илмӣ ва сиёсӣ маънидод намуда, ба он номи трансаксионизм додааст.

Мувофиқи ақидаи К. Дойч ҳамгироии минтақавиро дар ҳудуди Аврупо бояд аз муттаҳид кардани давлатҳои нисбатан пуркудрати минтақаи марказӣ ва шимолии Аврупо оғоз намуда, дар оянда ҳудуди онро аз ҳисоби дигар давлатҳо васеъ гардонанд.

Дар баробари ин К. Дойч пешбинӣ намуд, ки инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз як тараф, ба тараққиёти таҷҳизоти алоҳида мусоидат намуда, аз тарафи дигар, минтақа ва одамонро наздик месозад ва дар оянда садди роҳи бо зӯрӣ ҳал кардани ҳамаи масъалаҳо мегардад.

Дар ҷаҳон ҳамгироӣ зери шиори "муттаҳидшавӣ барои таъмини бехатарӣ" ба роҳ монда шуда, равнақу ривоҷи он дар оянда метавонад то бунёд намудани иттифоқҳои сиёсӣ бурда расонад.

пешина
аз 785
навбатӣ