Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хориҷии онҳо аз ҳаҷми тиҷорати дигар давлатҳо зиёдтар аст, вобастагӣ дошта бошад, ин давлатҳоро аз ҷиҳати сиёсӣ низ ба ҳам наздик месозад. Ҳамгироии бештари иқтисодӣ ва сиёсӣ - натиҷаи аз ҷиҳати ҷуғрофӣ наздик ҷойгиршавии иқтисодиёти ин давлатҳо буда, дар баробари ин бештар аз хароҷот ва дараҷаи ба роҳ мондани кори нақлиёт ва системаи алоқа вобастагӣ дорад. Агар шароити зикршуда дуруст ба роҳ монда шуда бошад, он ба тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ин давлатҳо суръат бахшида, омили вусъат ёфтани соҳаҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолот мегардад. Ва агар давлатҳои бо ҳам ҳамсоя ва аз ҷиҳати сиёсӣ ба ҳам наздик шароитҳои номбурдаро муҳайё накарда бошанд, онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ аз якдигар дур мегарданд.

Аз тарафи дигар, ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ бидуни ҷойгиршавии давлатҳо ва сохторҳои амалкунандаи онҳо дар натиҷаи барпо намудани иттиҳодҳои мухталифи сиёсӣ бунёд карда мешаванд.

Аз таҷрибаи бунёди ҳамгироии иқтисодии минтақавии ҷаҳон бармеояд, ки дар бисёр мавридҳо ин ду тамойил бидуни мақсадҳои сиёсиашон робитаҳои иқтисодии худро ба роҳ монда, боиси тараққӣ ёфтани савдои байналмилалӣ мегарданд.

Шаҳодати гуфтаҳои боло он аст, ки ҳамгироии иқтисодии минтақавиро дар инкишофи иқтисодиёти кишварҳо дарк карда, танҳо дар даҳсолаҳои охир бунёди онро дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон ба охир расонданд.

Бояд зикр намуд, ки фазоҳои ҳамгироии минтақавии бунёдгардида аз ҷиҳати вазифаҳои дар пешгузоштаи худ ва мӯҳлатҳои иҷрои онҳо имрӯз дар сатҳҳои гуногун қарор доранд ва аз якдигар бо дараҷаи тараққиёти худ фарқ мекунанд.

Масалан, дар давраи аввали ташаккули Иттиҳоди Иқтисодии Европа онҳо мақсади бунёди иттиҳоди гумрукиро доштанд. Манфиатҳои иттиҳоди гумрукиро дарк намуда, онҳо баъди чанд сол ният карданд, ки аз сатҳи иттиҳоди гумрукӣ ба сатҳи болотари он - ба бозори ҷаҳонӣ гузаранд.

Инак, баъд аз 35 соли ба қайд гирифтани рӯзи бунёди Иттиҳоди Иқтисоди Европа чунин мақсад ба миён омад, ки то

пешина
аз 785
навбатӣ