Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
хориҷа воридшаванда шурӯъ намудаанд. Воридоти ғалла ва маҳсулоти озуқа бинобар афзудани ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ кам гардид. Танҳо дар соли 2000 истеҳсоли ғалла то ба 535 ҳазор тонна расонида шуд. Ин ҳаҷм 65% талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ мегардонад.
Ҷадвали № 55
Муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2000 (млн. доллар)
Тавре ки аз ҷадвали №55 бармеояд, дар маҷмӯъ дар солҳои 1992-1995 тамоили рушди босуръати ҳаҷми амалиёти содиротию воридотӣ ба мушоҳида мерасад, вале аз соли 1996 то соли 2000 пастравии муомилоти савдои хориҷӣ аён аст. Мутобиқи маълумотҳои Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби асосии ин протсесс дар он аст, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминий ва нахи пахта паст гардид ва илова бар ин нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ арзон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор