Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
41,1% алюминий ба Нидерландия, 39,7% ба Россия, 13,3% ба Туркия, инчунин ба Швейтсария, Эрон, ҶХХ, Туркманистон ва дигар кишварҳои хориҷаи дуру наздик содир карда шудааст.
Содироти нахи пахта дар соли 2000 78,8 ҳазор тоннаро ба маблағи 91,8 млн. доллари ШМА ташкил дода, қариб дар сатҳи соли гузашта боқӣ монд. Содирот ба кишварҳои хориҷаи дур 7% кам гардида, ба кишварҳои ИДМ 94% афзуд. Пахта асосан ба Швейтсария (45,4%), Латвия (13,6%), Россия (13,5%), Словакия (10,7%), Эрон (8,9%), Франция ва Украина содир карда шуд.
Дар соли 2000, дар муқоиса бо соли 1999, таҳвилоти металлҳои ғайрикиматбаҳо 39,6%, маҳсулоти растанӣ 21,2%, маҳсулоти саноати химия 5,6%, пӯсту чарм ду маротиба зиёд гардид. Истеъмолкунандагони маҳсулоти дар боло зикргардида Россия (33%), Нидерландия (23%), Ӯзбекистон (12%), Швейтсария (9,2%), Туркия (7,5%), Италия (2,7%) буданд. Ба ғайр аз кишварҳои зикргардида, дар солҳои охир робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо 23 кишвари Европа, 3 кишвари Назди Балтика, 25 кишвари Осиё, 3 кишвари Америка, 6 кишвари Африка ва Австарилия ба роҳ монда шудаанд.
Дар муомилоти тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти қувваи барқи дар нерӯгоҳҳои амалкунанда истеҳсолгардида нақши босазое дорад. Содироти қувваи барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 5 млрд. 242,4 млн. кВт/соатро ба маблағи умумии 118,2 млн. доллар ташкил дод.
Баробари афзудани ҳаҷми умумии содирот дар панҷ соли охир тамоили камшавии ҳаҷми воридоти молҳо, ашёи хом ва маҳсулот аз кишварҳои хориҷаи дур ба назар мерасад, ки ин мутобиқан ба ҳаҷми умумии воридот таъсири манфӣ мерасонад. Агар дар соли 1995 аз кишварҳои хориҷаи дур ба маблағи 331,9 млн. доллари ШМА мол ворид карда шуда бошад, пас мутобиқи натиҷаҳои соли 2000 ба маблағи 115,3 млн. доллари ШМА воридоти мол анҷом дода шудааст.
Сол аз сол кам шудани воридоти мол асосан бо он вобаста аст, ки корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ба истеҳсоли молҳои пештар аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор