Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МММ-и Тоҷикистон соли 2000 11,1%-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1999 9,7% зиёд аст. Солҳои охир дар натиҷаи вусъатгирии сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо бештар аз 96 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Ҷанубу Шарқи Осиё ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон чунин кишварҳо, ба монанди Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Туркия, Покистон, ҶХХ, Ҳиндустон, Кувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва баъзе кишварҳои Иттиҳоди Европа мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Дар давраи баррасиишаванда (солҳои 1992-2000) муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ 4,1 маротиба, аз ҷумла содирот 4,0 маротиба ва воридот 4,2 маротиба афзуд. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар ин давра тавозуни мусбӣ дар солҳои 1992, 1996, 1999 ва 2000 таъмин гардидааст. Муваффақиятҳои дар соҳаи содирот бадастомада хислати нисбӣ доранд, зеро он асосан аз содироти ашёи хом иборат мебошад. Яке аз ҷанбаҳои мураккаби фаъолияти имрӯзаи иқтисодии хориҷӣ, бешубҳа он аст, ки содироти фаъолонаи захираҳои ашёи хом ба хориҷа дар шароити рукуди истеҳсолоти дохилӣ самаранок ҳисобида намешавад, бинобар ин на ҳамаи даромад аз содирот ба Тоҷикистон бармагардад. Ин ҳолат ҳалли проблемаҳои иқтисодии ҷумҳуриро боз ҳам мураккаб мегардонад.

Дар сохтори содирот номгӯи хеле маҳдуди молҳо боқӣ мемонад, ки аз онҳо гурӯҳи ашёи хом мувофиқи маълумотҳои соли 2000 87%-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла — алюминий ва маҳсулоти он — 55,6%, қувваи барқ — 14,1%, нахи пахта — 11,8%, инчунин маҳсулоти тайёри озуқа, маҳсулоти растанӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо — 8,7%.

Дар соли 2000 ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 273,5 ҳазор тонна алюминий ба маблағи умумии 433,6 млн доллари ШМА ё 40,7% зиёдтар нисбат ба соли 1999 фиристода шуд. Нархи миёнаи як тонна алюминий дар муқоиса бо соли гузашта 16% афзуда, 1580 доллари ШМА-ро ташкил дод.

пешина
аз 785
навбатӣ