Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар соли 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти савдои хориҷӣ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гашт, дар ин сол ҳаҷми он 1453,4 млн. доллари ШМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 1999 101,4 млн. доллар ё 7,5% афзуд.

Дар солҳои охир ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият пайдо намуд. Ҳаҷми муомилоти савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ дар соли 2000 нисбат ба соли 1999 11,8% афзуда, 927,6 млн. долларро ташкил дод, аз ҷумла бо Озарбойҷон 4 маротиба, бо Украина ва Арманистон 2 маротиба, бо Россия - 1,7 маротиба, бо Туркманистон - 1,1 маротиба, бо Молдова - 53% афзуд. Дар баробари ин кам гардидани ҳаҷми муомилоти савдои хориҷӣ бо Белоруссия дар ҳаҷми 35%, Гурҷистон - 27% ва Молдавия - 53% ба мушоҳида мерасад. Вазни қиёсии кишварҳои ИДМ дар ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷӣ 63,8%-ро ташкил медиҳад. Фоизи аз ҳама баланди вазни қиёсӣ ба Россия - 39,2%, ба Ӯзбекистон - 29,7%, ба Қазоқистон - 9,5% рост меояд.

Содирот нисбати ҳаҷми ММД 63,3%-ро ташкил медиҳад. Таҳлили маълумотҳои овардашуда нишон медиҳад, ки аз соли 1995 сар карда, ҳаҷми содироти молҳо ба кишварҳои ИДМ меафзояд. Дар соли 2000 ҳиссаи содироти кишварҳои ИДМ дар муомилоти савдои хориҷӣ 25,3%-ро ташкил дод ё дар муқоиса со соли 1999 1,8% афзуд. Афзоиши солонаи ҳаҷми умумии содирот ба кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна 83 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ғайр аз молҳои стратегӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол озуқаворӣ ва ашёи хоми истеҳсоли он, маҳсулоти химиявӣ, бофандагӣ ва мошинҳо, таҷҳизоту механизмҳо ва машрубот содир карда мешавад.

Мувофиқи баҳисобгирии декларатсияшуда содироти машрубот аз ҷумҳурӣ 16980 декалитр ба маблағи 164,6 ҳазор доллар ташкил намуд. Тамоку ва маҳсулоти он ба Россия, Қирғизистон ва Белоруссия ба маблағи 3,8 млн. доллар, ба Булгория ба маблағи 24 ҳазор доллар содир карда шуд. Вале бояд таъкид намуд, ки сарфи назар аз кам гардидани миқдори кишварҳои аз Тоҷикистон тамоку ва маҳсулоти он воридкунанда, ҳаҷми истеҳсоли он дар соли 1999

пешина
аз 785
навбатӣ