Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

парвозҳои самти Сталинобод-Москва-Фрунзе-Алмаато-Новосибирск муяссар гардид. Аз соли 1974 истифодаи ҳавопаймоҳои ТУ-134, аз соли 1978 ТУ-154 ва аз соли 1991 истифодаи ҳавопаймои ТУ-154 М сар шуд.

Имрӯзҳо нақлиёти ҳавоӣ ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мубаддал гаштааст. Алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо ноҳияҳои баландкӯҳ ва водиҳои душворгузари ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шӯғнон, Бартанг, Яғноб ба роҳ монда шуда, масофаи мусофирони ноҳияҳои Помир, Қаротегин ва Вахш даҳҳо ва садҳо маротиба кӯтоҳ намуданд. Имрӯз Ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон дар ихтиёри худ беҳтарин ҳавопаймоҳои истеҳсоли Федератсияи Россия дорад. Бо ин ҳавопаймоҳо пеш аз ҳама, хизмати мусофиронро ба ҷо оварда, онҳоро ба тамоми гӯшаю канори давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур мебаранд. Ҳиссаи нақлиёти ҳавоӣ пеш аз ҳама, дар парвозҳои дур бештар мушоҳида карда мешавад ва он ҳам барои ширкат ва ҳам барои мусофирон манфиатнок аст. Бояд қайд намуд, ки солҳои охир бо вуҷуди рӯз аз рӯз вазнинтар шудани шароити иқтисодии мамлакат ҳаҷми мусофиркашонӣ кам шуда истодааст. Масалан, агар соли 1995 бо нақлиёти ҳавоӣ дар маҷмӯъ хизмати 300 ҳазор нафар мусофир кашонида шуда бошад, пас соли 1996 ҳамагӣ 250 ҳазор нафар ва солҳои баъдӣ (1997-2000) 200 ҳазор нафарӣ мусофир кашонида шудааст. Чунин тамоил дар ҳаҷми боркашонӣ низ мушоҳида карда мешавад. Агар соли 1997-98 бо истифода аз ҳавопаймоҳо 4000 тонн бор кашонида шуда бошад, пас соли 2000 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2000 тоннаро ташкил намудааст.
Сабаби асосии тамоили пастшавии шумораи интиқоли мусофирон ва ҳаҷми боркашонӣ, пеш аз ҳама, болоравии мунтазами арзиши чиптаҳо мебошад. Аҳолии Тоҷикистон баъд аз соли 1995 бо ин сабаб дар сафарҳои дохили ҷумҳурӣ бештар майли истифодаи нақлиёти автомобилиро пеш гирифта, дар сафарҳои дур (Қазоқистон, Федератсияи Россия, Украина ва Белоруссия) бештар истифодаи нақлиёти роҳи оҳанро авзалтар медонанд. Чунин ранг гирифтани масъала боиси аз рӯйхати парвозҳо бардоштани рейсҳои Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ғарм, Душанбе-Ҷиргатол, Душанбе-Панҷакент.

пешина
аз 785
навбатӣ