Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Душанбе-Исфара гардид. Шумораи парвозҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ бошанд, то ҳадди ақал кам карда шудаанд. Албатта чунин чораҷӯии роҳбарияти Ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистонро дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ пурра фаҳмидан мумкин аст. Аммо аз ҷиҳати сиёсӣ бошад, чунин амал бар хилофи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар хилофи принсипҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин аст, ки мардумро дар сӯҳбатҳо сохтори пешинаи давлатдориро таърифу тавсиф менамоянд ва дар бисёр бахшҳои ҳаётӣ ва иқтисодӣ бартарияти ҳокимияти он давраро ёдоварӣ менамоянд. Соҳибистиқлолӣ барои ширкатҳо ва шахсиятҳои алоҳида нест. Соҳибистиқлолӣ ин музаффарияти миллат аст ва он бояд бештар аз ин неъмат истифода барад. Аз ин лиҳоз дар парвозҳои дохили ҷумҳурӣ барои аҳолӣ бояд имтиёзҳо пешбинӣ шаванд. Ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон бояд дар ин бахш даромади худро на аз ҳисоби баланд бардоштани нархи чиптаҳо, балки аз ҳисоби зиёд намудани шумораи парвоз, баланд бардоштани сервис ва ҷалби мусофирон зиёд намояд. Дар тӯли 10 соли охир шумораи зиёди парвозҳои байнидавлатӣ (Душанбе-Ереван, Душанбе-Боку, Душанбе-Самарқанд, Душанбе-Тошкент, Душанбе-Киев, Душанбе-Минск, Душанбе-Санкт Петербург, Душанбе-Таллин) низ бо сабабҳои дар боло зикргардида аз рӯйхати парвозҳо бардошта шуданд.
Ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон имрӯз шароити васеи барқарор намудани алоқаҳои ҳавоиро бо давлатҳои хориҷии дуру наздик дорад. Бо шарофати рӯз аз рӯз зиёд шудани парвозҳо ба давлатҳои хориҷии дуру наздик шароити бунёди ширкати "Тоҷикэйр"
ба миён омад. Зиёда аз 5 сол аст, ки ин ширкат мусофирони худро ба шаҳрҳои калонтарини ҷаҳон - Деҳлӣ, Дубай, Истамбул, Машҳад, Қарочӣ, Франкфурт, Ҷидда, Урумчӣ ва ғайра мебарад. Дар муддати хеле кӯтоҳ майдони ҳавоии Тоҷикистон дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии дунё шинохта шуд.
Соли 2000 бо назардошти як қатор тадбирҳо Ширкати
давлатии ҳавоии Тоҷикистон ӯҳдадории банакшагирифтаи худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор