Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
17.4.3. Нақлиёти ҳавоӣ
3 сентябри соли 1999 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон 75 солагии рӯзи бунёди нақлиёти ҳавопаймоии Тоҷикистонро дар яке аз толорҳои зеботарини пойтахт "Кохи Ваҳдат" бо иштироки роҳбари давлат Э. Ш. Раҳмонов ботантана ҷашн гирифт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати бисёр кормандонро ба назару эътибор гирифта, меҳнати онҳоро бо нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо ва инъомҳо қадрдонӣ намуд.
Дар тӯли 75 соли фаъолияти худ ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз як гурӯҳи начандон калони лётчикҳо ва ҳавопаймоҳои майдаи Юнкерс Ф-13, ки 3 сентябри соли 1924 аз майдони ҳавоии Бухоро ба Душанбе парида омада буд, то коллективи калони авиаторони тоҷик, ки шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 500 касро ташкил менамояд, расидааст.
Худи ҳамон сол аэроузели шаҳри Сталинобод бунёд карда шуд. Авиоконструкторони корхонаҳои ҳавопаймосозии шӯравӣ бо назардошти шароити душвори табиии Тоҷикистон навтарин моделҳои ҳавопаймоҳои худро барои омӯзиш ба Тоҷикистон мефиристоданд. Майдони ҳавоии Тоҷикистон маркази омӯзиши тамоми лётчикҳои шӯравӣ гардид. Авиатсия бо суръати том ба фазои ҳавоии ҷумҳурӣ ворид мешуд. Ба ивази ҳавопаймоҳои сабуку камсуръати Р-5, Г-1, ПО-2, СТАЛ-2 пай дар пай намудҳои нави ҳавопаймоҳои суръатнок ва ҳозиразамони Ли-2, Ил-14, Ан-24, Ан-28, Як-40 дохил мешаванд.
Соли 1950-1960 Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз ҷумҳуриҳои авиатсионӣ мубаддал гардид. Ба Тоҷикистон овардани чархболҳои Ми-2, Ми-4, Ми-8 ва баъдтар Ми-8 МТВ, ки барои фатҳи қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон ва тараққӣ ёфтани кӯҳнавардӣ, иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва кӯмакҳои санитарӣ мадад намуда буданд, фаромӯшнашаванда буд.
26 феврали соли 1960 ба майдони ҳавоии ш. Душанбе (Сталинобод) ҳавопаймои бузурги мусофиркаши Ил-18 фуруд омад. Бо туфайли ин ҳавопаймои дурпарвоз шароити бароҳмонии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор