Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Зиғар) ҷудо шудааст, ва сохтмони роҳ аз аввали соли 2000 бомуваффақият идома дорад.

Баъд аз иштирок дар мизи мудаввар, ки дар ш. Душанбе баргузор гашта буд, Бонки Рушди Араб низ барои иштирок дар ин сохтмони азим изҳори хоҳиш кард. Мувофиқи созишномаи баимзорасида Бонки Рушди Араб татбиқи нақшаи "барқарорсозии роҳҳои автомобилгард"-ро дар ҳаҷми 20 млн. доллар ба зиммаи худ гирифт, ки он аз навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлобро дар бар мегирад.

Баъд аз батанзимдарорӣ ва пурра омода шудани нақшаи номбурда истифодаи қарзи сеюм оғоз мегардад. Барои татбиқи нақшаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб (қисмати Хостав-Шкев) моҳи майи соли 2001 баъд аз ба охир расидани корҳои лоиҳакашӣ Хазинаи Кувайт ба Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. доллари ШМА кредит пешниҳод намуд.

Роҳҳои таҷҳизонидашудаи ҳозиразамон барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд. Бо анҷом расидани сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Кулма ва бо истифода аз шоҳроҳи Қароқурум Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит пайдо менамояд, ки ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, бозори давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ба бандарҳои Уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад. Аз тарафи дигар, роҳҳои Тоҷикистон дастраси давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ИДМ ва Хитою Покистон, Ҳиндустону Бангладеш ва Ветнам мегарданд.

Умед аст, ки ҳазорон корвонҳои пурбор дар ду-се соли наздик дар бораи аз нав эҳё шудани "Роҳи абрешим" ба ҷаҳониён мужда медиҳанд.

Дар баробари ин дар Барномаи тараққиёти хоҷагии роҳҳо сохтмони объектҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
• барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Тошкент (дар километри 11-62; 87-100 ағбаи Анзоб; 124-160 ағбаи "Шаҳристон");
• сохтмони роҳи автомобилгарди қаторкӯҳи Ҳисор бо тоннели "Уштур";

пешина
аз 785
навбатӣ