Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• барқарорсозӣ ва навсозии заводи асфалту бетон ва корхонаи истеҳсолии идораи истифодаи роҳҳо.

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир қисми зиёди роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қобилияти мошингузаронӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат ба меъёрҳои пешбинишуда ҷавобгӯ набуда, бо мақсади таъмир ва мувофиқи талаботи меъёрҳои стандарти байналхалқӣ овардан ба таҷдид эҳтиёҷ доранд.

Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб аз байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда аъзои созмони байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (МОТ) шуд. Намояндаи Тоҷикистон зиёда аз 6 сол аст, ки дар сохтори роҳбарикунандаи ин созмон дар Женева дар бахши намояндагии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди ронандагон таъсис дода шудааст. Мувофиқи низомномаи худ ин Иттиҳод дар ҳудуди давлати худ манфиати ронандагони мошинҳои боркаши дигар давлатҳоро муҳофизат намуда, иттилооти лозимаро оид ба вазъи роҳҳои автомобилгарди, нархи сӯзишворӣ, арзиши истифодаи роҳҳо, дар бораи нуқтаҳои хизмати техникӣ, истгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо гирд меоварад. Ду сол аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов бо мақсади аз байн бардоштани маҳдудияти табиӣ ва наздик намудани масофаи роҳи байни Душанбе ва Хуҷанд сохтмони тоннели автомобилгарди Анзобро аз нав шурӯъ намуд. Дар ин давра (то 1.01.2001) ба ин сохтмон 5.7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки дар асоси он дар дарозии 790,6 метри тӯлонӣ тоннели ҳавософкунӣ - дренажӣ ва 582,3 метри тӯлонӣ тоннели автомобилгард канда шуд. Тамоми ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ барои сари вақт ба истифода додани ин сохмон дучанд ғайрат намуда, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам бо таҷҳизот ва қувваи корӣ дастгирӣ намуда истодаанд.

Соли 1977 дар асоси розигии Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналхалқии боркашонӣ ҳамроҳ шуд ва Ассотсиатсияи байналмилалии боркашонии автомобилии Тоҷикистон бунёд гардид. Ин Ассотсиатсия солҳои охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа терминалҳои худро бунёд

пешина
аз 785
навбатӣ