Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Иркештам-Қашғар, ки аз қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад, наздиктар аст.

Имрӯзҳо нақшаи роҳҳои номбурда бо кӯмаку дастгирии як силсила бонк ва созмонҳои ҷаҳон бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Барои осон шудани кор ва начандон зиёд шудани хароҷот тамоми масофаи роҳи Душанбе-шоҳроҳи Қароқурум ба 4 лоиҳа тақсим шудааст.

Қарзи аввалаеро, ки ба маблағи 9,7 млн. доллари ШМА ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Исломии Рушд барои сохтмони роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Кулма ҷудо намудааст, бо қувва ва иштироки фаъоли ширкати "Энтес" ва коргарони тоҷик ба анҷом расида истодааст. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи "Нақшаи тараққиёти роҳҳои автомобилгард"-ро омода намуд, ки дар асоси он то соли 2000 зиёда аз 800 км роҳи автомобилгард ва 30 кӯпрук таъмир ва таҷдид карда мешуд.

Дар роҳи татбиқи барномаи пешбинишуда проблемаҳои муҳим маҳдуд будани захираҳои молиявии марказонидашуда ва моликияти худӣ аз як тараф ва омода набудани лоиҳаҳои сармоягузории муштараки давлатҳои дар ин бахш ҳавасманд мебошанд.

Масалан, танҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Тошкент бо сохтмони ду тоннел дар ағбаи "Уштур" ва "Шаҳристон"-500 млн. доллари ШМА-ро талаб менамояд. Барқарорсозӣ ва таҷдиди қисмати роҳҳои харобгашта бошад, дар маҷмӯъ 47,1 млн.
долларро талаб менамояд.

Мақсад аз амалӣ кунонидани ин лоиҳа пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки бо истифода додани тоннели Анзоб (5 км) ва тоннели "Шаҳристон" (4,3 км) ҳаракати доимии нақлиёти автомобилии байни ноҳияҳои шимолу ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, қисмати ҷанубии Тоҷикистон аз минтақаи сарбаста ба минтақаи транзитӣ табдил меёбад.

Қарзи дуюм дар ҳаҷми 10 млн. доллар барои татбиқи нақшаи
сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб (қисмати Шоҳон-

пешина
аз 785
навбатӣ