Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намудани кони нуқра дар муҳлатҳои кӯтоҳ ин хароҷотро пӯшонда, ба хазинаи ҷумҳурӣ даромади зиёд оварда метавонад.

Корхонаҳои металлургияи ранга бо дастгоҳҳои ҳозиразамон ва таҷҳизоти коркарди маъдан муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин дар навбати худ шароит медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли тилло, нуқра ва дигар омехтаҳои полиметаллӣ зиёд гардида, ба мамлакат асъори хориҷӣ ворид гардад. Аммо таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, ки ба ҷои афзоиши истеҳсоли тилло, нуқра ва металлҳои ранга ҳаҷми сол аз сол тамоил ба камшавӣ дорад. Мувофиқи хулосаҳои мутахассисон сабаби асосӣ риоя нагардидани технологияи коркард ва истифодаи конҳои кашфшуда мебошад.

Дар шимоли Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳои маъдани Олтинтопкан ва Адрасмон захираҳои маъданҳои полиметаллӣ мувофиқи категорияҳои саноатӣ зиёда аз 1 млрд. 200 млн. тоннаро ташкил медиҳанд.

Маъданҳои полиметаллӣ ва нуқраву полиметаллӣ то андозае дар таркиби худ висмут, мис, сурма, тилло, кадмий, германий, индий, галлий, таллий, теллур, селен доранд, ки то ба қарибӣ Комбинати маъдантозакунию металлургии Олмалиқ онҳоро аз таркиби маъданҳои мо ҳосил мекарданд.

Баъд аз тасдиқ намудани захираҳои (қариб 1 млрд. тонна маъдан) кони бузургтарини нуқра "Конимансури калон" ҳуҷҷати асоснокии техникию иқтисодии таъсиси комплекси коркарди 15 млн. тонна маъдан ва дар як сол истеҳсол намудани 583 тонна нуқра, 40 ҳазор тонна қалъагӣ, 38 ҳазор тонна рух, 180 тонна кислотаи сулфур дар заминаи минтақаи маъдани Адрасмон таҳия карда шуд.

Ҳамчунин ба нақша гирифта шуда буд, ки истихроҷи маъдан дар кони Олтинтопкан зиёд карда шуда (то 1-2 млн. тонна дар як сол), коркарди он дар Комбинати маъдантозакунию металлургии Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом дода шавад.

Бинобар ин, ба ақидаи мо сиёсати саноатӣ бояд ба таъсиси комплекси маъдантозакунию металлургии дорои аҳамияти тақдирсоз барои иқтисодиёти ҷумҳурии мо дар заминаи ин захираҳои конҳои нодир равона карда шавад. Аз рӯи навбат сохтмони иншоотҳои ин

пешина
аз 785
навбатӣ