Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бахши азхуд намудани конҳои тилло корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Имрӯзҳо бо иштироки бевоситаи ширкатҳои маъруфи коркарди тиллои Британияи Кабир ва Канада дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 корхонаи муштарак дар заминаи конҳои "Зарафшон", "Апрелевка", "Дарвоз" ва "Яхсу" ба истеҳсоли тилло машғул мебошанд.
Корхонаи муштараки "Апрелевка" дар заминаи кони Қайроққум бо иштироки бевоситаи ширкати "Голф Интернейшл Минерал ЛТД" бунёд гаштааст. Аммо дар тӯли ду соли охир бо сабаби аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ ҷудо нашудани маблағҳои лозима фаъолияти ин корхона бештар дар доираи омӯзиш ва гузаронидани тадқиқот маҳдуд шудааст.
Агар аз кони "Дарвоз" ҳар сол ба ҳисоби миёна то 100-150 кг таҳшини тилло истеҳсол карда шавад, пас истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки "Зарафшон" ба ҳисоби миёна 3560 килограммро ташкил менамояд. Ба нақша гирифта шудааст, ки солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли солонаи тилло то ба 5000 кг тиллои "Доре" расонида шавад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар таркиби тиллои "Доре" 85%-и тиллои холис 12%-и нуқра ва се фоиз компонентҳои дигар мавҷуд аст. Дар баробари истифодаи таҷҳизотҳои ҳозиразамон роҳбарияти корхонаҳои муштарак усулҳои кӯҳнаи бобоии моро истифода бурда, аз партовҳои техникӣ бо қувваи заршӯён тиллои резаро бо тарзи шустан ҷамъ намуда истодаанд. Мувофиқи маълумотҳои геологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳад васеи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли тиллоро чӣ дар конҳои амалкунанда ва чӣ конҳои нав кашфшуда дорад. Дар маҷмӯъ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфтани фаъолияти конҳои тиллоро ба назар гирифта, соли 1998 бо мақсади ташкили кор ва равнақу ривоҷ додани ин соҳа кумитаи металлҳои қиматбаҳоро таъсис намуд.
Нуқра. Дар баробари тилло сарзамини тоҷикон аз намудҳои гуногуни металлҳои ранга ва минералҳои камёфт хеле бой аст. Кони «Конимансури калон» дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати захира калонтарин кони нуқра ба шумор меравад. Тадқиқотҳои геологии солҳои пеш нишон доданд, ки бо вуҷуди маблағи зиёди коркардро талаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор