Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

заводи алюминийи тоҷик зиёда аз 7 млн. тонна алюминийи аввала истеҳсол намуда, дар бозори ҷаҳонӣ бо маҳсулоти баландсифати худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро машҳур кардааст. Бо оғози асри нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои лозимаро баҳри барқарорсозии иқтидори нақшавии завод меандешад. Гап дар сари он аст, ки дар натиҷаи фарсудашавии маънавӣ ва ҷисмонӣ дастгоҳҳои сехи электролизи алюминий дар доираи 40%-и иқтидор ва сехи истеҳсоли анодҳои пухта - дар ҳаҷми 50%-и иқтидори худ фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи истеҳсоли алюминий дар соли 2000 ба ҷои 380 ҳазор тоннаи дар соли 1991 истеҳсолшуда ҳамагӣ 275 ҳазор тоннаро ташкил дод. Барои то сатҳи иқтидори нақшавӣ баровардани корхона як силсила корҳоро вобаста ба бароҳмонии хатҳои технологӣ, масъалаҳои хусусияти иқтисодӣ ва ташкилӣ доштаро ҳал намуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои алюминийро афзун кардан лозим аст. Албатта солҳои охири асри XX роҳбарияти корхона дар ин бахш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Имрӯзҳо корхонаи алюминийи тоҷик зиёда аз 100 номгӯи молҳои рӯзгор ва хоҷагиро истеҳсол менамояд. Бо бароҳмонии дастгоҳи ҳозиразамони итолиёвӣ завод зиёда аз 15 ҳазор тонна профили алюминий истеҳсол менамояд, ки талабот ба он чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он хеле зиёд аст. Бояд қайд намоем, ки зиёда аз 90%-и маводи аввали ин корхона берун аз марзи ҷумҳурӣ ворид карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо роҳбарияти корхона солҳои охир бо назардошти болоравии нархҳои ҷаҳонии гилхок чораҷӯиҳои фавриро оид ба азхуд намудани кони гилхоки Турпӣ, ки дар ноҳияи Ғарм ҷойгир шудааст, ба нақша гирифтааст. Татбиқи ин нақша садҳо миллион доллари корхонаро, ки барои харидани гилхоки хориҷӣ харҷ мешавад, сарфа менамояд, ки ин маблағро метавон барои бунёди корхонаи нави коркарди маъдани сиенит истифода намуд. Бароҳмонии истеҳсолот дар асоси истифодаи гилхоки ватанӣ боиси арзон шудани арзиши аслии алюминийи аввала гардида, қобилияти рақобати онро дар бозори ҷаҳонӣ зиёд мекунад.

Соҳаи дигари муҳими саноати металлургияи ранга корхонаи навбунёди коркарди тилло ба шумор меравад. Солҳои охир дар

пешина
аз 785
навбатӣ