Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пахтагин, сурб, симоб, борут бояд эътибори хосае диҳем. Бо вуҷуди захираҳои азими маводи аввалии молҳои номбурда, қувваи арзони корӣ, қувваи арзони барқ Тоҷикистон метавонад дар бозори давлатҳои ИДМ ва Европа танҳо бо нархи арзони молҳои худ рақобат намояд.

Соли 2000 дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли 1999 10,3% афзуд. Суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 131,1%, вилояти Суғд - 103,1%, Хатлон - 106,2%, ш.Душанбе - 116,2% ва ноҳияҳои тобеи марказ - 118,9% афзуд. Соли 2000 Кумитаи давлатии саноат бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ зиёда аз 30 лоиҳаи сармоягузориро омода намуда, барои татбиқи онҳо вохӯриҳои зиёдеро бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Комиссияи СММ оид ба тараққиёти Осиё, сафорати Ветнам, Швейтсария, Хитой, ШМА, Ӯзбекистон, Украина ва Эрон гузаронида, нақшаи фаъолияти худро муайян намуд. Дар натиҷаи гуфтушунид тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки соли 2001 бо ширкати "Нелсон Ресоурсез"-и Британияи Кабир дар Комбинати маъдантозакунии Анзоб ду хати технологии коркарди консентрати симобу сурмаро бо мақсади истеҳсоли сурмаи металлӣ, тилло ва металлҳои дигари ранга ба истифода диҳанд. Созишномаи дигаре, ки ҳаҷми он 3 млн. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, соли 2000 байни ҷамъияти саҳомии ЧСНК "Гидроагрегат", корхонаи ш.Минск, Ҷамъияти саҳомии "Атлант"-и Белоруссия ва Кумитаи давлатии саноат оид ба навсозии пурраи корхонаи яхдони "Помир" ва истеҳсол намудани яхдонҳои ҳозиразамон ба имзо расид.

Металлургияи ранга. Дар арафаи ҷашнгирии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои металлургияи ранга дар маҷмӯи истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаеро ишғол менамоянд. Имрӯзҳо дар ин соҳа то 80% истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва то 55%-и маҳсулоти содиротии мамлакат истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои калонтарини ин соҳа заводи алюминийи Тоҷикистон соли 1975 бо истифодаи технологияи ширкати фаронсавии "Пешене" ба истифода дода шуд. Дар тӯли 26 соли фаъолияти пурсамари худ

пешина
аз 785
навбатӣ