Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Паст фаромадани нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат дар корхонаҳои истеҳсолӣ таъсири манфии худро дар бахшҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва алалхусус дар бозори ҷаҳонӣ ба қобилияти рақобатнокии онҳо мегузорад. Худи ин нишондиҳанда дар навбати худ аз омилҳои гуногун (нарх ва сифати мол) вобастагии зиёд дорад. Имрӯзҳо бинобар сифати пасти молҳои саноатии худ Тоҷикистон ҳатто дар бозори дохилӣ бо молҳои натанҳо давлатҳои тараққинамуда ва давлатҳои нави саноатӣ, балки бо маҳсулоти бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф низ рақобат карда наметавонад. Гап дар сари он аст, ки аксарияти давлатҳои рӯ ба инкишоф даҳсолаҳои охири асри ХХ талаботро ба захираҳои дохилии худ омӯхта, соҳаҳои саноати худро барои истеҳсоли номгӯи начандон зиёди молҳои серталабот махсус гардонидаанд.

Масалан, Никарагуа ба коғаз, равғани зард, консерваи моҳӣ; Панама - маҳсулоти нафт; Перу - орди устухони моҳӣ, қаҳва, матоъҳои пахтагин; Колумбия - қаҳва, банан; Бразилия - захираҳои ғайримаъданӣ, гилхок, оҳан, шрот, какао, маводи аввалии шакар ва ғайра мутобиқ кунонида, бо мол ва маҳсулоти худ дар бозори ҷаҳонӣ хеле машҳур гаштаанд.

Албатта дар ин бобат дар Тоҷикистон низ дар тӯли 10 соли охир бо вуҷуди душвориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд ва онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ҳам доданд. Номгӯи молҳои содиротии соли 2000 нисбат ба соли 1997 бо вуҷуди ду маротиба афзуданаш қуллан ба нақшаҳои дар назди худ гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест. Маҳсулоти асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли солҳои пештара алюминий, пахта, пилла, тамоку ба ҳисоб меравад. Мол ва ашёи хоми дигари содиршаванда бинобар ҳаҷми ночиз ва сифати начандон баланд ба ҷумҳурӣ даромади кофии асъорӣ намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд вобаста ба захираҳои табиии ватани худ, пеш аз ҳама ба истеҳсол ва содироти ҳамон моле машғул шавем, ки ба он пеш аз ҳама бозори давлатҳои ИДМ ва баъд бозори ҷаҳонӣ эҳтиҷот дорад. Ба ин гуна молҳо ва ашёи хом, ба монандӣ сангҳои қиматбаҳо, тилло, нуқра, мармар, гранит, платина, молҳои рӯзгор, матоъҳои абрешиму

пешина
аз 785
навбатӣ