Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
комплекс бояд дар заминаи асоснокии техникию иқтисодии конҳои майдони маъдани Қарамазор анҷом дода шавад.
Ҳалли масъалаҳои зикргардида бевосита ба рушди соҳаи инфраструктура, барқарорсозии роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгарди мавҷудбуда ва сохтани роҳҳои нав, ҳамчунин воситаҳои алоқа вобаста аст.
Саноати сабук. То соли 1991 асоси иқтисодиёти мамлакатро саноати сабук, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми ММД 49,2% мебошад, ташкил медод. Газворҳои абрешимии Комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд, матоъҳои пахтагини Иттиҳодияи истеҳсолии бофандагии шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи қолинҳои комбинати қолинбофии шаҳри Қайроқум, либосҳои дӯхтаи фабрикаҳои дӯзандагии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, Конибодом, Кӯлоб, Фабрикаи ҷӯроббофии шаҳри Душанбе ба 43 давлати дунё содир карда мешуд. Европоиҳо бештар матоъҳои аз нахҳои табиӣ истеҳсолшудаи Тоҷикистон ва маҳсулоти Фабрикаи рӯймолҳои шаҳри Хуҷандро таваҷҷӯҳ доштанд. Бинобар ин мол ва маҳсулоти корхонаҳои саноати сабукро бинобар сифати баландашон дар тамоми гӯшаю канори дунё мешинохтанд.
Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Европа имрӯзҳо ба маҳсулоти Комбинати шоҳибофии Хуҷанд мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Соли 1995 дар асоси Созишнома оид ба маҳсулоти бофандагӣ, ки Иттиҳоди Европа бо Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида буд, ба Тоҷикистон квотаи муайянеро барои ба ҳудуди давлатҳои Европа ворид намудани матоъҳои абрешимин ва пахтагин ҷудо намуд. Дар асоси ин Созишнома содироти матоъҳои истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон ва молҳои аз онҳо дӯхташуда (либосҳои дӯхтаи корхонаи муштараки "Ҷавонӣ", "Кабоол Текстайл" ба давлатҳои зиёди Европа шурӯъ шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дар ин соҳа бештар фаъолият намудани занонро ба назар гирифта, ба равнақу ривоҷи ин соҳа эътибори хоса медиҳад. Дар тӯли як давраи хеле маҳдуд бо истифодаи иншоотҳои азими мавҷуда қувваи кории таҷрибанок ва ашёи хоми маҳаллӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ якчанд корхонаҳои муштарак, аз он ҷумла бо Кореяи Ҷанубӣ корхонаи коркарди нахи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор