Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

деҳқони тоҷик ҳосилнокии пахтаро аз як гектар ба ҳисоби миёна то 40-45 сентнер расонида, ҳаҷми истеҳсоли умумии онро дар ҷумҳурӣ ба 1 млн. тонна расонида буд.

Фаъолияти тамоми корхонаҳои саноатӣ дар асоси тадқиқотҳои илмию техникӣ пеш бурда мешуд. Тоҷикистон иқтидори илмию техникии худро бунёд намудааст.

Бо мақсади аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ мондани истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз даҳҳо институтҳо, корхонаҳои илмию тадқиқотӣ бунёд шуда буданд. Навъҳои махсуси пахта, усулҳои гирифтани ҳосили баланди пилла, парвариши гӯсфандҳои ҳисорӣ, бунёди боғу токзорҳо ва ғайра маҳсули меҳнати ин марказҳо ба шумор мераванд.

Аммо бад шудани вазъи иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки он дар муддати кӯтоҳ ба кандашавии робитаҳои иқтисодии байнидавлатӣ оварда расонд, солҳои 1991-1996 ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонд.

Бо сабаби нарасидани ашёи хом ва маводи аввалии аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ воридшаванда, ҳаҷми маҳсулоти умумии Тоҷикистон яку якбора кам шуд. Шумораи бекорон рӯз аз рӯз меафзуд. Дар баробари ин нооромӣ ва тезу тунд шудани вазъи сиёсӣ иқтисодиёти мамлакатро дар ҳолати хеле душвор гузошта буд. Соли 1997 то имзошавии Созишномаи истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ҳаҷми ММД нисбат ба соли 1989 2,5 маротиба паст фаромада, ҳамагӣ 40%-ро ташкил медод.

Аз соли 1997 сар карда дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар баробари пешгирӣ намудани пастравии истеҳсолот нишонаҳои
аввалини таъминоти пешрафти иқтисодиёти мамлакат баръало
мушоҳида карда мешуд, ки он дар афзоиши ҳаҷми ММД ба 1,7%
ифода меёфт. Соли 1998 бошад, дар натиҷаи бақорандозии зиёди
корхонаҳои истеҳсолӣ ММД нисбат ба соли 1997 якбора 5,3%
афзоиш ёфта, сатҳи солонаи беқурбшавии пули миллӣ то 2,7% паст
фаромад. Дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои
муқоисашаванда 8,1% зиёд шуда, истеҳсоли молҳои истеъмолӣ 18,7%
афзоиш ёфт. Пешрафти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ таъмин

пешина
аз 785
навбатӣ