Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ XVII. ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
§17.1. ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯзҳо, дар арафаи ҷашнгирии 10-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мафҳуми иқтисодиёти Тоҷикистон, он комплекси азими бисёрсоҳаи истеҳсолиеро дар назар дорем, ки дар тӯли зиёда аз 50 соли охир бо меҳнати зиёди аҳолии сермиллати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаку дастгирии мутахассисони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд карда шудааст.
Бинобар тақозои замон ва захираҳои азими ашёи хоми табиӣ, қувваи барзиёди корӣ, мутахассисони пуртаҷриба асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯзҳо соҳаи энергетика, саноати вазнин, саноати истихроҷи маъдан, саноати металлургияи сиёҳ ва ранга, саноати электротехникӣ, саноати химия, газ, мошинсозӣ, пахтатозакунӣ, бофандагӣ, консервабарорӣ, саноати хӯрокворӣ ташкил менамоянд.
Дар давраи шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корхонаҳои калонтарин (заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи химиявии Ёвон, заводи трансформатории Қӯрғонтеппа, заводи «Текстилмаш», «Тоҷиккабел», комплекси илмию истеҳсолии «ЭЛТО», заводи «Тоҷикгидроагрегат», заводи яхдони «Помир», заводи алюминийи Тоҷикистон ва дигар корхонаҳои саноатӣ) бунёд гардиданд, ки дар онҳо садҳо ҳазор нафар фаъолият менамуданд. Молу маҳсулоти ин корхонаҳои номбурдаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ хуб мешинохтанд. Маҳсулоти заводи алюминий, яхдони «Помир», трансформаторҳо, дастгоҳҳои бофандагӣ, матоъҳои абрешимӣ ва пахтагин, маҳсулоти саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра ба 47 кишвари дунё содир карда мешуд.
Дар баробари иқтидорҳои бунёдгардидаи саноатӣ соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурге мебозад. Соҳаи кишоварзӣ тадриҷан ба иқлим, муҳит ва шароити ноҳияҳо махсус гардонида шуд. Соҳаи асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтакорӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони шӯравӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор