Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
карда шуд. Соли 1998 ҳаҷми афзоиши ММД 6,5%-ро ташкил намуд, ки ин барои Тоҷикистон дар ин давра нишондиҳандаи бағоят муҳим ба шумори мерафт.
Асоси чунин пешрафти иқтисодиро мӯътадилии вазъи сиёсии мамлакат ва тадбирҳои муҳими андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи бозсозиҳои иқтисодии мамлакат таъмин карда буд. Аз тарафи дигар, бояд қайд кард, ки ин ду тамойилро созмонҳои дар ҷаҳон шинохташудаи байнамилалӣ ва давлатҳои алоҳидаи тараққинамудаи ҷаҳон дастгирӣ намуда, бо барномаҳои кӯмакӣ ва иштирок дар бунёди як қатор корхонаҳои муштарак ба барқароркунии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии Тоҷикистон кӯмак расонидаанд. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор тамойили афзоиши ММД ду соли охири асри XX низ таъмин карда шуд. Агар афзоиши ҳаҷми ММД соли 1999 3,7%-ро ташкил намуда бошад, соли 2000 он ба 8,3% афзоиш ёфт. Дар барномаҳои таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми умумии ММД соли 2001 - 5,5%, соли 2002- 5,9% афзоиш меёбад. Дар натиҷа ҳаҷми ММД дар соли 2002 нисбат ба соли 1997 11,4% афзоиш меёбад, ки ин дар муқоиса бо соли 1989 (соли нишондиҳандаҳои аз ҳама баланди макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бояд 51,4%-ро ташкил диҳад. Таҳлили рақамҳо нишон медиҳад, ки то имрӯз механизми истифодаи пурраи иқтидори иқтисодии мамлакат ба қадри кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Аксарияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳаҷми пурра фаъолият намекунанд.
Далелу рақамҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди соли 2000 3,5 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми ММД нисбат ба соли 1997 иқтидори корхонаҳои саноатию соҳаи кишоварзӣ пурра истифода бурда нашудааст. Бо вуҷуди таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат афзоиши мӯътадили ҳаҷми ММД дар соҳаи кишоварзӣ таъмин нагардидааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта, ки яке аз молҳои асосии содиротӣ ба шумор меравад, бо сабабҳои дуруст ба роҳ намондани ташкили кор дар ноҳияҳои алоҳида ва истифодаи ғайриқонунии замин барои истеҳсоли ғалла ҳаҷми истеҳсоли пахта сол аз сол кам шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор