Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оид ба Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Бреттон Вуд, Ню-Гэмпшир, ШМА моҳи июли соли 1944 бо иштироки намояндагони 44 кишвар баргузор гардид, ки дар натиҷаи он ХБА фаъолияти худро дар Вашингтон моҳи майи соли 1946 оғоз намуд.

Ҳоло 181 давлати ҷаҳон аъзои ХБА мебошанд. Ҳар як кишваре, ки сиёсати мустақилонаи хориҷӣ анҷом дода, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Оинномаи ХБА-ро эътироф менамояд, метавонад узви ин ташкилот гардад. Имрӯзҳо ҳама кишварҳои бузург аъзои ХБА мебошанд. Кишварҳои европии шарқӣ, ки қаблан иқтисоди мутамаркази нақшавӣ доштанд ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ташкилот аъзо шуданд ва дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор доранд. Кишварҳои аъзои ин ташкилот метавонанд дар ҳар лаҳза аз ХБА хориҷ гарданд. Дар гузашта аз ин ҳуқуқ Куба, Чехословакия (ҳоло Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Словакия), Индонезия ва Полша истифода намуданд, гарчанде ки баъдан ин кишварҳо, ба истиснои Куба, қарори худро аз нав дида баромаданд ва дар натиҷа дубора ба ин ташкилот аъзо шуданд.

Ҳангоми воридшавӣ ба ХБА ҳар як кишвар мутобиқи квота маблағи муайян мепардозад, ки он як навъ аъзоҳаққӣ мебошад.

Квотаҳо бо мақсадҳои гуногун истифода мегарданд. Аввалан, онҳо фонди пулиро ташкил медиҳанд, ки онро ХБА метавонад барои қарздиҳӣ ба давлатҳои аъзои ХБА, ки мушкилоти молиявӣ доранд, истифода намояд. Сониян, квота ҳамчун замина барои муайян намудани ҳаҷми маблағе, ки давлати узви ХБА метавонад қарз гирад ё ин қарзро давлати узви Хазина метавонад ҳангоми тақсимоти мунтазами дороиҳои (активҳои) махсус, ки ҳамчун СДР маълуманд, дарёфт намояд. Ҳар чи қадар аъзоҳақии кишвар зиёд бошад, он метавонад дар мавриди зарурат ҳамон қадар қарзи бештаре гирад. Сеюм, квота миқдори овозҳои давлати узви Хазинаро муайян менамояд. ХБА мустақилона андозаи пардохтро мутобиқи квота дар асоси таҳлили дороӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар муқаррар мекунад. Ҳар қадар кишвар бойтар бошад, квотаи он ҳамон қадар зиёдтар аст. Андозаи квота ҳар панҷ сол таҷдиди назар

пешина
аз 785
навбатӣ