Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

мегардад ва метавонад вобаста ба зарурати ХБА ва пешрафти иқтисодии кишвари узви Хазина зиёд ё кам карда шавад.

Зинаи аввали силсилаи интиқоли супоришҳо Шӯрои раисон мебошад, ки ба он якнафарӣ раис ва якнафарӣ муовини раис аз ҳар як кишвар шомил аст. Азбаски раисон ва мувоинони онҳо вазирони молия ё роҳбарони бонкҳои марказӣ мебошанд, онҳо метавонанд аз номи ҳукуматҳои худ баромад кунанд. Азбаски онҳо дар кишварҳо хеле масруфи кор мебошанд, онҳо танҳо дар машваратҳои ҳарсола барои қабули қарорҳои расмӣ дар доираи мақоми худ оид ба фаъолияти ХБА гирд меоянд. Дар вақтҳои дигар раисон танҳо фикру мулоҳизаҳои ҳукуматҳоро оид ба масъалаҳои фаъолияти рӯзмарраи ХБА ба намояндагони худ дар Шӯрои иҷроияи ХБА мерасонанд. На камтар аз се маротиба дар як ҳафта машваратҳои расмии 24 директорони иҷроия, ки ба ҷараёни татбиқи сиёсати қабулнамудаи ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Хазина тавассути Шӯрои раисон назорат менамоянд, доир мегарданд.

Хазинаи Байналмилалии Асъор 2200 нафар корманд дорад, ки ба он Директори иҷроияи аз ҷониби Шӯрои иҷроия таъиншаванда сарварӣ менамояд. Тибқи анъана директори иҷроия бояд европоӣ бошад ё ақалан американӣ набошад (аз рӯи анъана Президенти Бонки ҷаҳонӣ шаҳрванди ШМА мебошад). Дар ташкилот асосан иқтисоддонҳо, инчунин статистҳо, ходимони илмӣ, коршиносон оид ба масъалаҳои молияи давлатӣ ва андозбандӣ, забоншиносон, публитсистҳо ва ҳайати ёрирасон кор мекунанд. Ҳайати асосӣ дар қароргоҳи ХБА дар Вашингтон кор мекунад. Ҳайати камшумори кормандон ба шӯъбаҳо ба Париж, Женева ва назди Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк фиристода шудаанд ё намояндаи ХБА мебошанд ва супоришҳои муваққатиро дар кишварҳои аъзои Хазина иҷро мекунад.

Пардохтҳо мутобиқи квота ё аъзоҳаққиҳо, ки дар боло хотирнишон гардиданд, манбаи асосии маблағҳои ХБА мебошанд. Дар маҷмӯъ ҳоло маблағи квотаҳо қариб 130 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, вале амалан маблағи хеле ками он истифода мегардад. Зеро кишварҳои аъзои хазина 75 фоизи квотаҳоро бо

пешина
аз 785
навбатӣ