Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

бардоштани сатҳи зиндагии мардум Бонки осиёии тараққиётро бунёд намуданд.

Чунин иқдом ва таҷрибаи хуби Иттиҳоди Европоро роҳбарияти давлатҳои исломии араб ба назар гирифта, бо мақсади таъмини пешрафти иқтисодӣ ва дастгирии иҷтимоии давлатҳои исломӣ ва шахсиятҳои алоҳидаи мусулмон, дар асоси талаботи шариат ва қонуну қоидаҳои ислом соли 1973 Бонки исломии рушдро (БИР) бунёд намуданд.

§16.2. Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ҳамкории Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо ин хазина

Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) яке аз калонтарин ташкилоти молиявии ҷаҳон мебошад.

Зарурати таъсиси чунин ташкилот чун ХБА дар давраи таназзули (депрессияи) бузург, ки солҳои 30-юм иқтисоди ҷаҳонро фаро гирифта буд, ба миён омад. Таназзул тамоми соҳаҳои хоҷагиро фалач сохт. Ҳазорҳо бонкҳо касод гардида, нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз арзиши аслӣ пасттар гардид, нархи замин якбора паст шуд. Фермаҳои таркгардида холӣ гашта, заводҳо кор намекарданд, киштиҳо дар интизори борҳои набуда бекор меистоданд, даҳҳо миллион коргарон бошанд, дар ҷустуҷӯи кори вуҷуднадошта буданд.
Якчанд конференсияҳои байналмилалие, ки солҳои 40-ум барои баррасии проблемаҳои асъории ҷаҳон даъват шуда буданд, ягон натиҷае надоданд. Ҳаллу фасли ҷузъӣ ва муваққатии проблема яқинан ғайрикофӣ буд. Дар ин давра ҳамкории васеи тамоми кишварҳо дар таъсиси системаи (низоми) нави асъор ва муассисаи байналмилалӣ барои назорати он зарур буд. Хушбахтона, ҳамзамон ду шахси боҷуръату фозил, Гарри Декстер Уайт дар ШМА ва Ҷон Мэйнард Кейнс дар Британияи Кабир қариб дар як вақт дар ибтидои солҳои 40-ум пешниҳод намуданд, ки системае таъсис дода шавад, ки онро на ҷаласаҳои байналмилалӣ, балки ташкилоти ҳамкории доимоамалкунанда назорат намояд. Дар ин асос музокироти ниҳоӣ

пешина
аз 785
навбатӣ