Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

татбиқ мекарданд. Тамоми масъулият дар бобати ба муомилот баровардани евро, таъмини пардохт ва додани иҷозати чопи банкнотҳо (пулҳои коғазин) ва ба доираи гардиши евро қабул намудани давлатҳои нав ба зиммаи Бонки марказии Европа гузошта шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди заҳматҳои зиёди таблиғотӣ ва гуфтушунидҳои сершумор Иттиҳоди Европа аз ӯҳдаи ба доираи гардиши евро дохил намудани Англия, Юнон, Дания ва Швейтсария набаромад. Онҳо ба ҳайси аъзои Иттиҳоди Европа ва Бонки марказии Европа имрӯзҳо сиёсати махсуси пулию молиявии худро пеш бурда истодаанд.

Барои дар бораи евро иттилооти пурра пайдо намудан, дар ин бахш мо боби алоҳида таҳия намудаем, ки он доираи дониши Шуморо дар масъалаҳои пулию молӣ васеъ менамояд.

Дар баробари ХБА дар рушду инкишофи баъдиҷангии тамоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа, Осиё ва Америкаи Лотинӣ созмонҳои бузурги молиявӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Агентии байналмилалии сармоягузорӣ, Бонки европоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд низ ҳиссаи худро гузоштаанд.

Масалан, Бонки ҷаҳонӣ, ки дар бисёр ҳолатҳо вобаста ба хизматҳои шоёни он дар пешрафти иқтисодии давлатҳои ҷаҳон, алалхусус Европа онро Бонки байналмилалии рушду инкишоф низ меноманд, соли 1944 дар баробари таъсиси ХБА бо мақсади барқарор намудани харобаҳои баъдиҷангӣ ва азнавсозии иқтисодии давлатҳои Европа бунёд карда шуда буд.

Соли 1991 бошад, ҷаҳони капиталистӣ тағйироти бузурги сиёсӣ ва иқтисодии дар минтақаи Европаи Марказӣ ва Шарқӣ бавуҷудомадаро ба назар гирифта, бо мақсади дастгирии молиявии татбиқи бозсозиҳои иқтисодӣ Бонки европоии таҷдиду инкишофро (БЕТИ) бунёд намуд.

Пешрафти иқтисодии давлатҳои Европоро ба назар гирифта, роҳбарияти 41 давлати қитъаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором соли 1966 фавран бо мақсади таъмини пешрафти иқтисод ва баланд

пешина
аз 785
навбатӣ