Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар давраи амали стандарти тиллоӣ¹ касри тавозуни пардохт (камбуди даромадҳо нисбат ба хароҷот) ҳатман бо ҳаҷми муайяни тилло пур карда мешуд, ки ин амал дар асл боиси аз як давлат ба давлати дигар гузаштани захираҳои тилло мегардид.

Кам шудани ҳаҷми захираи тилло боиси дар мамлакат зиёд шудани миқдори муайяни пул гардида, ба паст шудани фаъолияти харидорӣ ва оқибат ба беқурбшавии он оварда мерасонад.

Бинобар ин дар хазина нигоҳ доштани ҳаҷми муайяни тилло яке аз омилҳои муҳими таъмини қурби асъори мамлакат ва таъмини пешрафти иқтисодӣ ба шумор мерафт.

Давлатҳои дорои захираи ночизи тилло хоҳу нохоҳ аз доираи системаи стандарти тиллоӣ бароварда мешуданд, ки ин дар навбати худ боиси аз кор мондани соҳаҳои муайяни истеҳсолот, афзоиши шумораи бекорон ва афзоиши доимии сатҳи умумии нархҳо, ки дар иқтисодиёт бо истифодабарии калимаи беқурбшавии пул (инфлятсия

  • таваррум) маънидод карда мешавад, авҷ мегирад.

Ва албатта, бар хилофи гуфтаҳои боло системаи стандарти тиллоӣ барои давлатҳое, ки дар марҳилаҳои аввалини татбиқи он аз истифодаи дурусти тиҷорати байнидавлатӣ ҳаҷми муайяни тиллои ҷаҳонро дар мамлакатҳои худ ҷамъ намуда тавонистанд, пешрафти иқтисодӣ ва нуфузи мамлакати худро нисбат ба дигар давлатҳо барои садсолаҳо муайян карда тавонистанд. Ба ин гурӯҳ давлатҳо Британияи Кабир, Франция, Германия, Нидерландия, Норвегия ва Ирландияро дохил менамоянд.

Бояд ёдовар шавем, ки аслан системаи стандарти тиллоӣ аз тарафи дигар бо сабабҳои ниҳоят зиёд гирд овардани тиллои монетарӣ, ки дар он давра асоси амал намудани системаи стандарти тиллоӣ ба шумор мерафт, инкишофи устувори иқтисодӣ ва дараҷаи пасти таварруми давлатҳои дар боло зикргардидаро таъмин намуда буд.

Тамоми муносибатҳои иқтисодии бо тилло анҷомдодашаванда аз шаҳри Лондони Британияи Кабир идора карда мешуданд.
Захираи тиллои зиёде, ки аз давлатҳои ҷаҳон гирд оварда мешуд, дар

¹ Низоми асъорие, ки бо тилло ҳамчун металли эталонӣ асос ёфтааст.

пешина
аз 785
навбатӣ