Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баробари таъмини қурби баланди фунт-стерлинги Британияи Кабир дар даҳсолаҳои охири асри XIX Англияро ба яке аз марказҳои бузурги молиявии дунё табдил дода буд.

Қурби тамоми асъори давлатҳои ҷаҳон нисбат ба фунт-стерлинг муайян карда мешуд. Дар натиҷаи дар ҷаҳон сол аз сол зиёд шудани нуфузи фунт-стерлинг ба ивази ашёи хом, маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳатто тилло паҳн шудани асъори англис авҷ мегирифт, ки ин амал дар асл маънои даст кашидан аз низоми стандарти тиллоӣ ва замина гузоштан барои гузариш ба зинаи мукаммалтарро дошт.
Дар баробари ин кашонидани миқдори муайяни тилло бо роҳҳои баҳрӣ бинобар авҷгирии ғоратгарӣ, роҳзанӣ сол аз сол душвор мегардид. Дар тӯли 100 соли истифодаи тилло ба сифати ченаки арзиши мол, дар таърихи ҷаҳон ҳазорҳо ҳодисаҳои роҳзанӣ, ғорати киштиҳо, корвонҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар баробари ин амал бо дарназардошти авҷгирии ҳаракати сармояи байналхалқӣ ва таҳаввулоти гардиши пул дар робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ҷаҳон шаклҳои нави ҳисоббаробаркунӣ, ба монандӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, додани мол ба сифати қарз, иваз намудани як миқдор мол ба моли дигар вусъат мегирифт.

Чунин ҷараён боиси иваз намудани усулҳои нави тартибдиҳӣ ва тавозуни пардохт ва такмилдиҳии ҳисоббаробаркунии байналхалқиро низ талаб менамуд. Барои татбиқи ин амал давлатҳои алоҳида бо роҳи истифодаи девалватсия (расман паст кардани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ) ва ревалватсияи асъор (муқаррар кардани қурби нави расмии табдили асъори миллӣ бо қарори ҳукумат) ба қурби асъори хориҷӣ таъсири бевоситаи худро расонида, устувории қурби асъори худро таъмин менамуданд.

Чунин сиёсати пулӣ танзими ҳаракати мол ва омилҳои
истеҳсолот, кредити байналхалқӣ ва қарз як давраи муайян тавозуни
муваққатии пардохтро таъмин менамуд. Дар баробари ин давлатҳои
бо ҳам тиҷораткунанда, бо назардошти миқдори муайяни захираи
тиллои доштаашон ба якдигар доду гирифт намуда, аз фавран бо
тилло пӯшонидани миқдори молҳои барзиёд гирифта худдорӣ

пешина
аз 785
навбатӣ