Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

БОБИ XVI. ТАШКИЛОТҲОИ (СОЗМОНҲОИ) БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВИИ ҶАҲОН

§ 16.1. Сабабҳои асосии бунёди созмонҳои байналмилалии молиявию асъорӣ ва қарзии ҷаҳон

Ҳама медонанд, ки асоси муносибатҳои молиявию асъории ҷаҳонро ҳаракати навъҳои гуногуни мол ва омилҳои истеҳсолие, ки боиси пурмаҳсул фаъолият намудани бозорҳои ҷаҳон гардида буданд, ташкил медиҳад.

Пайдоиши марказҳои бузурги тиҷоратӣ ба авҷгирии содироти мол оҳиста-оҳиста ба ташаккули пули ҷаҳонӣ оварда расонид. Таърихи нимаи дуюми асри XIX ва асри XX нишон медиҳад, ки зинаҳои гуногуни тараққиёти хоҷагии ҷаҳонӣ давраи 150 соли охирро дар бар мегирад. Дар тӯли ин солҳо системаи асъори ҷаҳонӣ се давраи муҳими ташаккули худро гузаронидааст:
• стандарти тиллоӣ;
• девизи (ченаки) тиллоӣ (Бреттон Вуд тасдиқшуда);
• қурби баланду пастшавандаи идорашавандаи асъор.

Ҳар яке аз ин зинаҳо дараҷаи махсуси ташаккули муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро ифода намуда, бо дарназардошти тағйироти шароити иқтисодӣ ва талаботи замона аз як шакл ба шакли дигари мукаммалтар гузаштани асъори ҷаҳонӣ шароит муҳайё намуданд.

Масалан, аз давраи стандарти тиллоӣ сар карда, дар иқтисодиёти ҷаҳон ба қайд гирифтани қурби асъори давлатҳои алоҳида шурӯъ шуда буд. Барои татбиқи он муҳайё намудани се шарти муҳим ҳатмӣ ва ниҳоят зарур буд:
дар таркиби воҳиди пули давлатҳои алоҳида муайян намудани ҳаҷми тилло;
нигоҳ доштани таносуби байни захираҳои тилло ва ҳаҷми пули дар мамлакат мавҷудбуда;
содирот ва воридоти озоди тилло.

пешина
аз 785
навбатӣ