Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

менамояд, нигоҳ дошта шавад. Ба зиммаи Созмони ТУС/ВТО бошад, ташкил ва назорати тамоми масъалаҳои вобаста ба савдоро гузоштанд.

Мувофиқи Низомномаи созмон иҷрои қарорҳои дар иҷлосияи ЮНКТАД қабулшуда барои тамоми давлатҳои дунё ҳатмӣ ба шумори нарафта, бештар мақсади дар савдои байнамилалӣ фароҳам овардани шароити мусоидро дорад.

Масалан, ба чунин қарорҳо "Принсипҳои муносибатҳои савдои байнамилалӣ ва сиёсати он чун таъмингари пешрафт" ва Хартияи (Ҳуҷҷати) ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва ӯҳдадориҳои давлат ба шумори мераванд.

Дар баробари бурдани корҳои ташкилӣ сохтори ин созмон натиҷаҳои сиёсати дар соҳаҳои макроиқтисодӣ табдилшаванда, масъалаҳои ташаккули ҳамкории байнидавлатӣ, вобастагии иқтисодиёти ин ва ё он давлатҳои қафомонда ва ё рӯ ба инкишофро аз давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон, проблемаҳои савдо ва муносибатҳои асъориву молиявӣ, сиёсати тиҷорат, азнавсозии сохтор ва ислоҳоти иқтисодии дар миқёси ҷаҳон баамаломадаро назорат менамояд.

Дар асоси регламенти №3917/92 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо аз 21 декабри соли 1992 кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишварҳои бенефициари НҶИ дохил шуданд. Мутобиқи регламенти мазкур НҶИ нисбати аксарияти молҳои НМ ФИХ аз рӯи бобҳои 25-49, 64-97 истифода мешавад.

Соли 1995 Шӯрои Аврупо нақшаи нави НҶИ Иттиҳоди Аврупоро таҳия намуд, ки он то соли 1998 мавриди истифода қарор гирифт.

Молҳое, ки нисбати онҳо НҶИ амал мекунад, ба чор зергурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. хеле ҳассос (бобҳои 50-63 НМ ФИХ) - таҳфифи 15-фоиза пешбинӣ шудааст;

  2. ҳассос - 10%;

  3. нимҳассос - 65%;

  4. ҳассос набуда - боҷу хироҷ ситонида намешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ