Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Кишварҳои бенефитсиар дар асоси регламенти Иттиҳоди Аврупо ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд:

• аз ҷумлаи кишварҳои рӯ ба инкишоф бештар тараққикарда (ё он кишварҳое, ки мутобиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо ба ҳар сари аҳолӣ соли 1991 аз 6 ҳазор доллари ШМА зиёдтар буд);

• кишварҳои рӯ ба инкишофи камтараққикарда;

• кишварҳое, ки ба муқобили нашъачаллобӣ мубориза мебаранд.

Аз молҳои истеҳсоли кишварҳои бенефитсиарӣ, ки дар гурӯҳи кишварҳои рӯ ба инкишофи камтараққикарда ё кишварҳои ба муқобили маводи нашъаовар муборизабаранда қарор доранд, сарфи назар аз ҳассос буданашон, боҷу хироҷи воридотӣ ситонида намешавад ва нисбати ин молҳо на модуляция ва на градуация (дараҷабандӣ) истифода намешавад.

§15.7. СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГУМРУКӢ (МТО/CTC)

Созмони байналмилалии гумрукӣ (СБГ) ё Шӯрои ҳамкории гумрукӣ (ШҲГ) соли 1950 таъсис дода шуда, то имрӯз 139 давлати ҷаҳонро муттаҳид менамояд.

Вазифаи асосии Шӯрои ҳамкории гумрукӣ аз вусъат додан ва таҳия намудани қоидаҳои ягонаи гумрукие, ки муомилоти молро тезонида, дар сарҳад бо риоя ва иҷро кардани талаботи гумрукӣ интиқоли мол, гузаронидани воситаҳои нақлиёт, асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнокро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ осон менамояд, иборат мебошад.

То ин вақт дар доираи СГТС принципу меъёрҳои аз ҷониби давлатҳо истифода намудани воситаҳои гумрукию тарифии танзими муносиботи байналхалқии тиҷоратӣ умуман муайян шуда буданд, ки ин аз ҷумла дар мувофиқаи мутақобилаи тарифҳои боҷу хироҷи гумрукии гурӯҳҳои томи молҳо ифода ёфт.

Дар қиёси "озодкунии" сиёсати тарифӣ, ки дар давраҳои тезутундшавии мухолифатҳои иқтисодии байни давлатҳо гузаронида

пешина
аз 785
навбатӣ