Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Соли 1971 аз ҷумлаи аъзои доираи давлатҳои тараққикардаи саноатӣ кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Европа ва Япония аввалин шуда, нақшаҳои индивидуалии (инфиродии) Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳоро (НҶИ) татбиқ намуданд. Соли 1972 ба онҳо Австрия, Норвегия, Шветсия, Швейтсария ва Финляндия, соли 1974 Канада ва соли 1976 ШМА ҳамроҳ шуданд.
Истифодабарандагони имтиёз ё ба ибораи дигар "бенефитсиарҳо" аксарияти кишварҳои рӯ ба инкишоф ва солҳои охир бошад, инчунин як қатор кишварҳои дорои "иқтисодиёти гузаранда" мебошанд.
Механизми татбиқи Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои алоҳидаи кӯмакрасон (донор), инчунин Иттиҳоди Иқтисодии Европа мутобиқи нақшаҳои индивидуалие таҳия мегардад, ки дар онҳо танҳо барои кишварҳои бенефитсиар додани имтиёз дар шакли пурра бекор кардан ва/ё хеле кам кардани андозаи боҷу хироҷ пешбинӣ карда мешавад.
Шӯрои Иттиҳоди Европа ҳар сол дар санадҳое (қарорҳое), ки дар Ахбори расмии Иттиҳоди Европа нашр мегарданд, нақшаи НҶИ-ро барои давраи аз 1 январ то 31 декабри соли марбута тасдиқ менамояд.
Хусусияти хоси нақшаи индивидуалии Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳои Иттиҳоди Европа аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод кардани маҳсулоти саноатии кишварҳои бенефитсиар, дар сурати риояи як қатор маҳдудияту шартҳо, аз ҷумла марбут ба қоидаҳои муайян намудани асли баромади молҳои ба қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Европа воридшаванда мебошад.
Соли 1994 баъд аз тағйир ёфтани номи ГАТТ ба ТУС/ВТО дар сатҳи гуногуни роҳбарият ва аъзоёни созмонҳо масъалаи лозим будан ё набудани созмони ЮНКТАД ба миён омад. Аксарият бо сабаби мақсадҳои якхела доштанашон масъалаи барҳам додани ин созмонро пешниҳод менамуданд. Ин баҳсу мунозираҳо зиёда аз 6 сол давом кард ва дар соли 2000 ба хулосае омаданд, ки созмони ЮНКТАД ба оламиён барои кор карда баромадани принсипҳои умумии сиёсати савдо, ки дар маҷмӯъ пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор