Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ЮНКТАД барномаи мусоидат ба кишварҳои нисбатан камтараққикардаро таҳия намудааст, ки тавсияҳоро ба давлатҳои тараққикарда дар мавриди бекор кардан ё хеле кам кардани бочу хироҷи воридотии аз молҳои гурӯҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф ситонидашаванда дар бар мегирад.
Комёбии бештари дорои хусусияти амалӣ дар роҳи мусоидат ба вусъат бахшидани содироти мол аз кишварҳои рӯ ба инкишоф таҳияи Консепсия Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳо (НҶИ) мебошад, ки унсурҳои асосии он принсипи дуҷониба набудани гузаштҳо ва роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ дар дохили кишвар мебошад. Дар Консепсияи мазкур аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ пешкаш намудани гузаштҳои яктарафа бидуни ба кишварҳои дигари мутараққӣ паҳн кардани онҳо, инчунин ба кишварҳои мутараққӣ паҳн накардани имтиёзҳои махсусе, ки кишварҳои рӯ ба инкишоф ба якдигар пешкаш менамоянд, пешбинӣ шудааст.
Фикри таҳияи Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳо бори аввал соли 1964 дар конференсияи аввали ЮНКТАД, ки дар Женева (Швейтсария) доир гашта буд, пешниҳод гардид. Пас аз чор сол дар конференсияи дуюми он дар Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) Консепсияи Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда шуд. Конференсияҳои минбаъда соли 1976 дар Найроби (Кения), соли 1979 дар Манила (Филиппин), соли 1983 дар Белград (Югославия), соли 1987 дар Женева, соли 1992 дар Картахен (Колумбия), соли 1995 дар Мидлэнд (ҶАҶ) гузаронида шуданд.
Барои дастгирии афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр ва нимтайёр, ки ҳаҷми онҳо дар муомилоти молии ҷаҳонӣ аз 3/4 ҳиссаро ташкил менамуд, соли 1971 ЮНКТАД Низоми Ҷамъбастшудаи имтиёзҳоро кор карда баровард. Мувофиқи ин ҳуҷҷат давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон бо молҳои аз давлатҳои рӯ ба инкишоф воридшаванда имтиёзҳои зиёдеро муҳайё намуда, бо мақсади дастгирии пешрафти иқтисодӣ ва аз байн бардоштани дараҷаи пасти зиндагии ин давлатҳо онҳоро аз андозҳои гумрукии воридотӣ қисман ва ё пурра бояд озод менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор