Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

«ё» чунин алоқаи ду муҳокимаи аввали муҳокимаи нави мураккабро ташкил мекунад, ки ин муҳокимаи мураккаб танҳо дар он мавриде ки ақалан яке аз муҳокимаҳои таркибаш ҳақ бошад, ҳақ мешавад ва агар ҳар ду муҳокимаи таркибиаш дурӯғ бошад, дурӯғ мешавад. Пайвандаки пайваста-ҷудокунандаи «ё» бо аломати: $\vee$ ифода карда мешавад.
Таърифи пайвандаки пайваста-ҷудокунандаи «ё» ($\vee$) бо ҷадвали зерин ифода карда мешавад:

Аз ҷадвали дар боло баёнгардида маълум мешавад, ки муҳокимаи мураккаби «$A \vee B$» дар он мавриде ки муҳокимаҳои $A$ ва $B$ ҳаканд ва дар он мавриде ки муҳокимаи $A$ ҳақ буда, муҳокимаи $B$ дурӯғ аст ва дар он мавриде ки муҳокимаи $A$ дурӯғ буда муҳокимаи $B$ ҳақ аст, ҳақ мешавад ва дар он мавриде ки муҳокимаҳои $A$ ва $B$ дурӯғанд, дурӯғ мешавад.

Бинобар ин, муҳокимаи мунфасил ба ду навъ тақсим мешавад:

  1. муҳокимаи мунфасили қатъиян ҷудокунанда; 2) муҳокимаи мунфасили пайваста-ҷудокунанда.
    Маънои муҳокимаи мунфасил бо тағйир ёфтани тартиби аъзоҳои он дигаргун намешавад. Агар муҳокимаи «$A \vee B$» ҳақ бошад, он гоҳ муҳокимаи «$B \vee A$» ҳам ҳақ мешавад; агар муҳокимаи «$A \vee B$» дурӯғ бошад, он гоҳ муҳокимаи «$B \vee A$» ҳам дурӯғ мешавад. Агар муҳокимаи $A \vee B$ ҳақ бошад, он гоҳ муҳокимаи «$B \vee A$» ҳақ мешавад, агар муҳокимаи «$A \vee B$» дурӯғ бошад, он гоҳ муҳокимаи «$B \vee A$» ҳам дурӯғ мешавад.

Муҳокимаҳои мунфасил на фақат аз ду муҳокимаи содда,
балки аз якчанд муҳокимаҳои содда ҳам ташкил меёбанд. Муҳокимаҳои мунфасиле ки аз якчанд муҳокимаи содда ташкил ёфтаанд, бо формулан зерин ифода карда мешаванд: «$A_1$, ё $A_2$, ё $A_3$,
ё $A_4$, ё... $A_n$».

Муҳокимаҳои мунфасили қатъиян ҷудокунандае, ки аз ду зиёд муҳокимаҳои содда ташкил ёфтаанд, агар яке аз муҳокимаҳои таркибиаш ҳақ буда, дигарашон дурӯғанд, ҳақ мешавад.
Масалан, муҳокимаи «Ин маҷмӯаи шеърҳо ё маҷмӯаи шеърҳои шоири $A_1$ ё шоири $A_2$ ё шоири $A_3$» танҳо дар мавриде ки яке аз муҳокимаҳои таркибиаш ҳақ буда, дутои дигараш дурӯғ бошад, ҳақ мешавад. Агар муҳокимаи «Ин маҷмӯаи шеърҳо маҷмӯаи шеърҳои шоири $A_1$ аст», ҳақ бошад, ду муҳокимаи дигар («Ин маҷмӯаи шеърҳо маҷмӯаи шеърҳои шоири $A_2$ аст» ва «Ин маҷмӯаи

пешина
аз 192
навбатӣ