Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бинобар ин, муҳокимаи мураккаби дар боло зикршуда танҳо дар он мавриде ки яке аз ду муҳокимаҳои таркибӣ ҳақ буда, дигараш дурӯғ аст, ҳақ мешавад ва агар ҳар ду муҳокимаҳои таркиби дурӯғ ва ё ҳар дуяшон ҳам ҳақ бошанд, дурӯғ мешавад.

Аз ин сабаб пайвандаки қатъиян ҷудокунанда ба тарзи зерин таъриф карда мешавад: пайвандаки қатъиян ҷудокунанда «ё» чунин алоқаи ду муҳокимаи аввалини муҳокимаи нави мураккабро ташкил медиҳад, ки ин муҳокимаи мураккаб танҳо дар он мавриде ки яке аз муҳокимаҳои соддаи таркибӣ ҳақ буда, дигараш дурӯғ бошад, ҳақ мешавад ва агар ҳар ду муҳокимаҳои таркибӣ дурӯғ бошанд ё ҳар ду муҳокимаҳои таркибӣ ҳақ бошанд, муҳокимаи нави мураккаб дурӯғ мешавад.

Пайвандаки қатъиян ҷудокунанда «ё» бо чунин аломат ишора карда мешавад: $\dot{\lor}$. Пас, муҳокимаи «А ё В» ба таври зерин навишта мешавад: «$A \dot{\lor} B$».

Таърифи пайвандаки мантиқии қатъиян ҷудокунанда ба тарзи ҷадвали зерин навишта мешавад:

$A$$B$$A \dot{\lor} B$
ҳҳд
ҳдҳ
дҳҳ
ддд

Аз ҷадвали дар боло баёнгардида маълум мешавад, ки муҳокимаи мураккаби «$A \dot{\lor} B$» дар он мавриде ки муҳокимаи $A$ ҳақ бошад, муҳокимаи $B$ дурӯғ аст ва дар он мавриде ки муҳокимаи $A$ дурӯғу $B$ ҳақ бошад, ҳақ мешавад. Дар дигар мавридҳо муҳокимаи мураккаби «$A \dot{\lor} B$» дурӯғ мешавад.

Дар муҳокимаи «Студенте ки кори дипломдиашро бомуваффақият ҳимоя кард ё боистеъдод аст ($A$) ё багайрат ($B$)», пайвандаки «ё» маънои пайвастаҷудокунӣ дорад.

Дар муҳокимаи зикршуда фикри зерин тасдиқ карда мешавад:

  1. Студент кори дипломдиашро бомуваффақият ҳимоя кард, чунки вай ё боистеъдод аст ё багайрат ё ҳам боистеъдод ва ҳам багайрат аст.

  2. Агар студент на истеъдод медошт ва на ғайрат, кори дипломашро бомуваффақият ҳимоя карда наметавонист.

Бинобар ин, муҳокимаи мураккаби зикршуда дар мавриде ки ҳатто яке аз муҳокимаҳои соддаи таркибиаш ҳақ бошад, ҳақ мешавад ва агар ҳар ду муҳокимаи таркибиаш дурӯғ бошад, дурӯғ мешавад.

Аз ин сабаб пайвандаки пайваста-ҷудокунандаи «ё» ба тарзи зерин таъриф карда мешавад: пайвандаки пайваста-ҷудокунандаи

пешина
аз 192
навбатӣ