Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
тар мешавад», «Агар халқҳои ҷаҳон кори сулҳро ба дасти худ гиранд, он гоҳ сулҳ, мустаҳкам ва пойдор мегардад».
Дар воқеияти реалӣ «омадани борон» сабаб буда, «тар шудани замин» натиҷаи реалӣ мебошад, мисли ҳамин «тафсондани оҳан» сабаб буда, «васеъ шудани ҳаҷми он» натиҷаи реалӣ аст, «кори сулҳро ба дасти худ гирифтани халқҳои ҷаҳон» сабаб буда, «пойдор ва мустаҳкам гардидани сулҳ» натиҷа мешавад.
Баъзан асос ва натиҷаи мантиқӣ бо сабаб ва натиҷаи реалӣ мувофиқ намеоянд. Масалан, дар муҳокимаи «Агар об ях карда бошад, ҳаво хунук аст». Дар ин ҷо ҳолати баръакс мушоҳида карда мешавад, яъне «хунук будани ҳаво» сабаби реалӣ ва «ях кардани об» бошад, натиҷаи реалӣ мебошад. Вале ин ва муҳокимаҳои ба ин монанд на ин ки бевосита, балки бавосита алоқаҳои сабабии воқеиятро инъикос менамоянд.
Баъзан муҳокимаҳои шартӣ ба ҳам баробар мавҷуд будани нишонҳоро инъикос менамояд. Масалан, «Агар ҷумла мураккаб бошад, он гоҳ дар таркиби он ҷумлаи тобеъкунанда ва тобеъшаванда мавҷуданд».
Муҳокимаҳои шартӣ ғайр аз алоқаҳои сабабӣ, бо ҳам баробар вуҷуд доштани нишонҳо ва дигар хел алоқаҳои зарурии ҳодисаҳои воқеиятро инъикос мекунанд. Вале муҳокимаи шартӣ ҳамеша бо ёрии пайвандаки «агар..., он гоҳ» ташкил намеёбад. Баъзан муҳокимаи шартӣ бо ёрии дигар воситаҳои мантиқӣ ҳам ифода меёбанд. Баъзан, баръакс, ҷумлаҳое ҳастанд, ки дар таркиби худ пайвандакҳои «агар... он гоҳ» дошта, вале муҳокимаи шартиро ифода намекунанд. Чунончи, «Агар Раҳмонов дар соли хониши гузашта суст бошад, имсол яке аз талабагони беҳтарини синф аст». Дар ин ҷумла пайвандаки «агар» бошад ҳам, вале вай ифодаи муҳокимаи шартӣ нест.
Муҳокимаҳои шартӣ барои илм ва фаъолияти амалӣ аҳамияти калон доранд.
б) Муҳокимаи мунфасил (дизъюнктивӣ). Чунин муҳокимаи мураккабе, ки дар натиҷаи алоқаманд намудани муҳокимаҳои содда ба воситаи пайвандаки мантиқии «ё» ташкил меёбад, муҳокимаи мунфасил меноманд.
Пайвандаки мантиқии «ё» ду маъно дорад. Пайвандаки «ё» маънои қатъиян ҷудокунӣ (мунфасили қатъӣ) ва маънои пайваста — ҷудокунӣ (мунфасили суст) дорад.
Масалан, дар муҳокимаи: «Ин калима ё исми хос (А) ё исми ҷинс (В) мебошад» пайвандаки «ё» маънои қатъиян ҷудокунӣ дорад.
Дар муҳокимаи мазкур чунин фикр тасдиқ карда мешавад:
- Ин калима, албатта, яке аз ду навъи исм мебошад.
- Ин калима ҳам исми хос ва ҳам исми ҷинс шуда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё