Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
дорад. Қисмҳои таркибии муҳокимаи шартиро муҳокимаҳои соддае, ки дорои терминуи мубтадо ва хабар мебошанд, ташкил медиҳанд. Масалан, «Агар лекция бодиққат гӯш карда шавад, он гоҳ вай дуруст аз худ карда мешавад», «Агар калима мураккаб бошад, он гоҳ дар таркиби он ду реша ва аз он зиёд реша мешавад», «Агар одам ҷиноят содир карда бошад, пас ӯро ҷазо медиҳанд» ва ғайраҳо.
Муҳокимаи таркибие, ки баъд аз пайвандаки мантиқии «агар» ва пеш аз «он гоҳ» омадааст, асоси муҳокимаи шартӣ ҳисоб шуда, муҳокимае, ки баъди пайвандаки «он гоҳ» оварда шудааст, натиҷаи муҳокимаи шартӣ ба шумор меравад. Агар асоси муҳокимаи шартиро бо аломати А ишора намоем ва натиҷаашро бо аломати В, дар ин сурат сохти муҳокимаи шартӣ бо формулаи зерин ифода карда мешавад. «Агар А, он гоҳ В».
Пайвандаки мантиқии «агар... он гоҳ» ин тавр таъриф карда мешавад:
Пайвандаки мантиқии «агар... он гоҳ» чунин алоқаи ду муҳокимаи соддаи нави шартиро ташкил мекунад, ки агар асос ҳақ бошаду натиҷа дурӯғ бошад, дурӯғ мешавад, агар асос ва натиҷа ҳақ бошанд ва агар асос дурӯғу натиҷа ҳаканд ва дар он мавриде, ки асос ва натиҷа дурӯғанд, муҳокимаи шартӣ ҳақ мешавад.
Пайвандаки мантиқии «агар... он гоҳ» бо аломати зерин ишора карда мешавад: → Пас, муҳокимаи шартӣ бо чунин формула ифода меёбад: «А → В».
Пайвандаки мантиқии «агар... он гоҳ» ба воситаи ҷадвали зерин ифода меёбад:
Дар ин ҷо маънои ҳақ бо ҳарфи «ҳ» ишора карда шуда, маънои дурӯғ бо ҳарфи «д» ишора карда шудааст.
Ҷадвали дар боло овардашуда нишон медиҳад, ки танҳо дар он мавриде ки А ҳақ асту В дурӯғ, муҳокимаи шартии «А → В» дурӯғ мешавад.
Дар он мавридҳое, ки А ҳақ ва В ҳақ, А дурӯғ ва В ҳақ, А дурӯғ ва В дурӯғ, муҳокимаи шартӣ «А → В» ҳақ мешавад.
Алоқаи байни асос ва натиҷае, ки бо муҳокимаи шартӣ ифода меёбад, баъзан бевосита алоқаи сабабии байни ҳодисаҳои воқеияти реалиро инъикос менамояд, «Агар борон борад, замин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё