Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

шеърҳо маҷмӯаи шеърҳои шоири $A_2$ аст») дурӯғанд, зеро ин маҷмӯаи шеърҳо, ки маҷмӯаи шеърҳои $A_1$ бошанд, дар айни ҳол маҷмӯаи шеърҳои шоири $A_2$ ва шоири $A_3$ шуда наметавонанд.

Муҳокимаи мунфасили пайваста-ҷудокунанда аз ду зиёд муҳокимаҳои содда ташкилёфта, агар ақаллан яке аз муҳокимаҳои таркибинаш ҳақ бошад, ҳақ мешавад.

в) Муҳокимаи пайвасткунанда (коннюнктивӣ). Муҳокимаҳои мураккабе ки дар натиҷаи алоқаманд намудани муҳокимаҳои содда ба воситаи пайвандаки мантиқии «ва» ташкил меёбанд, муҳокимаҳои пайвасткунанда ном доранд.

Пайвандаки мантиқии «ва» бо ёрии аломати $\wedge$ ишора карда мешавад.

Масалан, «Раҳматов дар колхоз кор мекунад $(A)$ ва дар мактаби олӣ мехонад $(B)$». Ин студент аълохон $(A)$ ва ҷамоатчии фаъол аст $(B)$.

Пайвандаки мантиқии «ва» ба тарзи зерин таъриф карда мешавад.

Пайвандаки мантиқии «ва» чунин алоқаи муҳокимаҳои соддаи муҳокимаи мураккаби навро ташкилкунандае мебошад, ки дар он агар муҳокимаҳои таркибинаш ҳақ бошанд, пас муҳокимаи мураккаби нав ҳақ мешавад, вале агар яке аз муҳокимаҳои таркибинаш дурӯғ бошад, дурӯғ мешавад.

Таърифи пайвандаки мантиқии «ва» ($\wedge$) бо ёрии ҷадвали зерин ифода карда мешавад:

$A$$B$$A \wedge B$
ҳҳҳ
ҳдд
дҳд
ддд

Аз ин ҷадвал маълум мегардад, ки муҳокимаи мураккаби пайвасткунандаи «$A \wedge B$» дар он мавриде ки муҳокимаҳои таркибии $A$ ва $B$ ҳақ бошанд, ҳақ мешавад ва дар дигар мавридҳо дурӯғ мешавад.

Масалан, баёноти айбдор, ки аз пайвастшавии якчанд муҳокимаҳо иборат буда, воқеаи муайянро ифода менамояд, агар ҳар як муҳокимаи баён намудааш ҳақ бошад, ҳақ мешавад ва дар дигар мавридҳо дурӯғ мешавад.

Аз ин мисол маълум мегардад, ки ба воситаи пайвандаки «ва» на фақат ду муҳокимаи содда, балки якчанд муҳокимаҳо низ алоқаманд карда мешаванд.

Муҳокимаи пайвасткунандае, ки муҳокимаҳои соддаи бисёреро дар бар мегирад, бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

$A_1 \wedge A_2 \wedge A_3 \wedge ... \wedge An$.

пешина
аз 192
навбатӣ