Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷавоби пурраи эътиборнок надодааст. Масалан: Эҳтимол, дар моҳи июн дар Душанбе борон борад» ё «Эҳтимол, дар Марс ҳаёт вуҷуд дошта бошад».

Баъзан муҳокимаҳои эҳтимолӣ дар натиҷаи ин ё он фактро пурра надонистани одами фикр кардаистода ба миён меояд. Масалан: «Эҳтимол, рафиқам ба университети Москва дохил шуда бошад».

Баъзан муҳокимаҳои эҳтимолӣ ба сабаби ба ягон кор ё амал фикри қатъӣ надоштан ба вуҷуд меояд. Масалан: «Эҳтимол, имтиҳони адабиётро бо баҳои аъло супорам».

Бо мурури замон муҳокимаҳои мазкури эҳтимолӣ метавонанд ба муҳокимаҳои ҳақ ё дурӯғ мубаддал гарданд.

МУҲОКИМАИ ЭЪТИБОРНОК

Муҳокимаҳои эътиборнок ҳамчун муҳокимаҳои ҳақ ё дурӯғ изҳор карда мешаванд. Формулаи муҳокимаи эътиборнок чунин аст: «S-P аст» ё «S-P нест» ва «а R в». Мисол: «Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуэвропоӣ дохил мешавад», «Заволи капитализм ногузир аст». Муҳокимаҳои эътиборнок ба ду навъ: муҳокимаи воқеият ва муҳокимаи зарурӣ тақсим мешаванд.

Дар муҳокимаи воқеият ба предмет тааллуқ доштан ва тааллуқ надоштани ягон нишона қайд карда мешавад. Муҳокимаи воқеият чизеро, ки дар айни ҳол дар воқеияти реалӣ мавҷуд аст, инъикос менамояд.

Масалан: «Халқи советӣ ба давраи сохтмони васеи коммунизм гузаштааст», «Нависанда Максим Рыльский барои китобҳои ашъораш: «Гулҳо ва ангур» ва «Уфуқҳои дурдаст» сазовори Лауреати мукофоти Ленинӣ гардид», «Дар шаҳри Панҷакент музеи кишваршиносӣ мавҷуд аст» ва хоказо.

Агар муҳокима дар байни предмет ва ягон нишона ҳатман ва ногузир вуҷуд доштан ё надоштани алоқаро инъикос намояд, ин гуна муҳокимаро муҳокимаи зарурӣ меноманд.

Масалан: «Ғалабаи коммунизм дар ҷаҳон ногузир мебошад», «Ҳеҷ як фикр бе забон ба вуҷуд намеояд».

Дар байни предметҳо ва хусусиятҳо алоқаи зарурӣ ва ҳатмӣ мавҷуд аст, ки алоқаи зарурии байни онҳоро муҳокимаи зарурият инъикос мекунад. Муҳокимаи зарурият дорои аҳамияти бузург аст. Таълимоти асосии илмӣ бо ёрии муҳокимаҳои зарурият ифода карда мешаванд. Ба ҳамин тариқ, дар муҳокимаи эҳтимолӣ будан ё набудани чизе ё предмете инъикос меёбад. Дар муҳокимаи воқеият чизе ки дар айни замон мавҷуд аст ё мавҷуд нест, инъикос меёбад, дар муҳокимаи зарурият чизе ки ҳатмӣ ва ё зарурист, ифода меёбад.

пешина
аз 192
навбатӣ