Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Муҳокимаи муносибат баъзан муносибатҳои ададии (миқдории) бештар мураккабро ҳам ифода менамояд. Масалан, таносуби баробари предметҳо бо чунин муҳокимаи муносибат — муодилаи математикӣ ифода карда мешавад:
(a + b)² = a² + 2ab + b²; aᵐ · aⁿ = aᵐ + ⁿ
Инак, мисол барои навъи дигари муҳокимаи баробарӣ:
Z = X + Y + 1
Мисол барои навъи дигари муҳокимаи нобаробарии математикӣ:
Z ≠ X + Y + 1
Ин муҳокимаи нобаробарӣ чунин маъно дорад:
Z > X + Y + 1
ё ки
Z < X + Y + 1
Ин гуна навъҳои муҳокимаро мантиқи ҳозиразамон ошкор мекунад, қоидаҳои онҳоро муқаррар намуда, ҳарҷониба меомӯзад.
§ 8. МУҲОКИМАҲОИ ЭҲТИМОЛӢ ВА ЭЪТИБОРНОК
Ҳангоми баёни муҳокима ҳақ ё дурӯғ будани он баъзан тахмин карда мешавад. Агар шахсе дар бораи ҳақ ё дурӯғ будани муҳокимаи баён кардаистодааш шакку шубҳа дошта бошад, ӯ муҳокимаи эҳтимолӣ изҳор мекунад, яъне ҳақ ё дурӯғ будани муҳокимаи баён намудаистодаашро тахмин мекунад.
Азбаски муҳокимаҳои баёншаванда ҳақ ё дурӯғанд, ё ба таври эҳтимол гуфта мешаванд, онҳо ба ду: ба 1) эҳтимолӣ ва 2) эътиборнок тақсим мешаванд.
МУҲОКИМАИ ЭҲТИМОЛӢ
Агар дар муҳокима ба предмети фикр тааллуқ доштан ё надоштани ягон нишона бо дараҷаи муайяни тахминкунӣ тасдиқ ё рад карда шавад, ин гуна муҳокима муҳокимаи эҳтимолӣ ном дорад.
Формулан муҳокимаи эҳтимолӣ чунин аст: «S эҳтимол P аст», «a ва b, эҳтимол, муносибати R доранд».
Муҳокимаҳои эҳтимолӣ бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд меоянд.
Баъзан муҳокимаҳои эҳтимолӣ аз он сабаб ба вуҷуд меоянд, ки ҳанӯз илми ҳозира барои ҳалли масъалаҳои муайяни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё