Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 9. МУҲОКИМАҲОИ ҚАТЪӢ, ШАРТӢ ВА МУНФАСИЛ

Дар муҳокима ба предмет тааллуқ доштани нишона инъикос ва ё муқаррар карда мешавад, ки ягон нишона нафақат ба ҳамин предмет тааллуқ дорад ё танҳо ба ҳамин предмет тааллуқ дорад. Аз ин ҷиҳат муҳокимаҳо ба муҳокимаҳои мутааллуқӣ, дохилкунанда ва ҷудокунанда тақсим мешаванд:

а) Дар муҳокимаи мутааллуқӣ мансуб будани ягон нишона ба ҷинси муайяни предметҳо тасдиқ ё рад карда мешавад. Аммо дар ин муҳокима ба дигар предметҳо ҳам тааллуқ доштан ё надоштани ҳамон нишона ба назар гирифта намешавад. Масалан, «Ин таърихшиносон воқеаҳои таърихиро меомӯзанд», «Абдураҳмони Ҷомӣ устоди Алишер Навоӣ мебошад».

б) Дар муҳокимаи дохилкунанда донише ифода меёбад, ки дар вай ягон нишона нафақат ба ҳамин предмет хос будан ё хос набуданаш, балки дигар ҷиҳатҳо низ инъикос меёбанд. Масалан, «Абӯалӣ ибни Сино мантиқшинос буд», «Алиев студент мебошад», «Усмонов ҳуқуқшинос аст». Фарқи муҳокимаи дохилкунандаро аз муҳокимаи мутааллуқӣ аз маъно ва матни (контексти) нутқ фаҳмида мешавад.

Барои муҳокимаи дохилкунандаи алоҳидаро аз муҳокимаи мутааллуқӣ фарқ кардан, бояд вай ба тарзи зерин ифода карда шавад: «На фақат Абӯалӣ ибни Сино донандаи мантиқ мебошад», «На танҳо Алиев студент аст», «На фақат Усмонов ҳуқуқшинос мебошад».

в) Дар муҳокимаи ҷудокунанда хосияти махсуси предмете (ё ҷинси предметҳо) инъикос меёбад, ки вай фарқи як предметро аз дигар предметҳо нишон медиҳад.

Дар айни замон муҳокимаи ҷудокунанда ба муҳокимаҳои ҷудокунандаи тоқа, ҷудокунандаи ҷузъӣ ва ҷудокунандаи умумӣ тақсим мешавад. Масалан, «А. Фирдавсӣ муаллифи «Шоҳнома» мебошад», «Танҳо баъзе студентоне, ки асарҳои бадеӣ эҷод менамоянд, нависандагони навкалам мебошанд», «Фақат баъзе таърихшиносон ва танҳо таърихшиносон археолог мебо-шанд», «Танҳо партияе, ки ба назарияи пешқадам такя мекунад, роли муборизи пешқадамро мебозад» ва ҳоказо.

Ҳамаи навъи муҳокимаҳое, ки то ҳол дида баромадем, дар таркиби худ фақат якто мубтадои мантиқӣ ва якто хабари мантиқӣ доштанд. Вале муҳокимаҳое ҳастанд, ки қисмҳои таркиби-ашонро на танҳо мафҳумҳои мубтадо ва хабар, муҳокимаҳои алоҳида низ ташкил медиҳанд. Бинобар ин, муҳокимаҳо аз ҷи-ҳати таркиби худ ба ду навъ: 1) муҳокимаи содда ва 2) муҳоки-маи мураккаб тақсим мешаванд.

  1. Муҳокимаи содда. Қисмҳои таркибии муҳокимаи содда-ро танҳо терминҳои мубтадо ва хабар ташкил медиҳанд.
пешина
аз 192
навбатӣ