Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Дар амал табдил чунин маъно дорад, ки дар рафти он пайвандаки муҳокимаи муқаддимавӣ баръакси худаш тағйир дода шуда, хабари ҳамон муҳокима бо мафҳуми зидди он иваз карда мешавад.
Чунончи, муҳокимаи «S—P аст» ба муҳокимаи «S ғайри P нест» ва муҳокимаи «S—P нест» ба муҳокимаи «S ғайри P аст», мубаддал мешавад.
Масалан, «Адабиёт илми партиявӣ аст», пас «Адабиёт илми ғайрипартиявӣ намебошад».
Ҳар як навъи муҳокима қатъи назар аз миқдори он, қобилияти табдилдиҳиро дорад.
а) Муҳокимаи умумии тасдиқӣ дар натиҷаи табдил ба муҳокимаи умумии инкорӣ мубаддал мешавад. Яъне муҳокимаи умумии тасдиқии «Ҳамаи S—P мебошад» ба муҳокимаи умумии инкории «Ҳеҷ як S ғайри P намебошад», табдил меёбад. Масалан, муҳокимаи умумии тасдиқии «Санъаткорони советӣ муборизони сулҳ мебошанд», ба муҳокимаи «Санъаткорони советӣ одамони ғайримуборизони сулҳ намебошанд», мубаддал мешавад.
б) Муҳокимаи умумии инкорӣ ба муҳокимаи умумии тасдиқӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи умумии инкорин «Ҳеҷ як S—P нест» ба муҳокимаи «Ҳамаи S-ҳо ғайри P мебошанд», мубаддал мешавад. Масалан: муҳокимаи «Ҳеҷ як аълохон талабаи танбал намебошад» ба муҳокимаи «Ҳамаи аълохонҳо талабаҳои ғайританбал мебошанд» мубаддал мешавад.
в) Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ ба муҳокимаи ҷузъии инкорӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи ҷузъии тасдиқии «Баъзе S—P аст» ба муҳокимаи ҷузъии инкории «Баъзе S ғайри P нест», мубаддал мешавад. Масалан, дар натиҷаи табдил муҳокимаи «Баъзе хонандагон санъатдӯст мебошанд» ба муҳокимаи «Баъзе хонандагон одамони ғайрисанъатдӯст намебошанд» мубаддал мешавад.
г) Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи ҷузъии инкории «Баъзе S—P нест» ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқии «Баъзе S ғайри P мебошад», мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи «Баъзе давлатҳои Европа давлатҳои халқии демократӣ намебошанд», ба муҳокимаи «Баъзе давлатҳои Европа давлатҳои ғайридемократии халқӣ мебошанд» мубаддал мешавад.
Табдил яке аз навъҳои оддитарини хулосабарории бевосита мебошад. Бо ёрии табдил дониши нави ба назар намоён пайдо карда намешавад. Аммо тафаккур дар амалиёти табдил барои бо ягон мақсад саҳеҳтар кардан, каму беш фарқи фикрро нишон додан ба кор бурда мешавад. Муайян кардани фарқ ва ҷиҳатҳои фикр барои ошкор кардани аниқ ва равшан намудани фикр аҳамияти калон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё