Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бимоланд, барои ба ҳаракат овардани шаҳвати мардӣ бисёр фоида мебахшад.
Заҳраи кабутарро чун дар чашм кашанд, зардоби дар гавҳарак фуромада ва гули чашмро дафъ мекунад ва пардаеро, ки чашмро торик мекунад, низ дур менамояд.
Устухони соки пои кабутарро бисӯзанд ва ос карда духтароне, ки бақораташон (дӯшизагиашон) рафта бошад, аз таг бардоранд, бақорат аз нав барқарор мегардад — ин аз асрор аст.
Аммо агар бачаи кабутарро бо мудовамат бихӯранд, иллати песро пайдо мекунад. Ҳамаи кабутарҳои саҳрой ва аҳлӣ ба одамони гарммизоҷ зарар доранд: дарди сар меоваранд, хунашонро месӯзонанд. Кабоби бачаи кабутарро бо давоҳои гарм бардавом бихӯранд, хунро месӯзонад, иллати маҳавро пайдо мекунад. Дар ин мавридҳо онро бо оби ғӯраи ангур ё сирко, ё кашниз пухта бихӯранд ва бо косниву бодиринги тару тоза истеъмол намоянд, ислоҳи зарар менамояд.
Касе, ки обила бароварда бошад, дар макони кабутарон муттасил сокин бошад, аз он беморӣ шифо меёбад. Агар ба кабутарон наздик зиндагонӣ ба сар баранд, аз бемориҳои вобаста ба майна, асабонӣ ва уфунӣ (сирояткунанда)-и монанди: фолич, сакта, субот (летаргия), саръи кӯдакон (қарахтӣ) ва тоун эмин мемонанд, инчунин иллати тарсончакӣ ва вайронии ҳаворо дафъ мекунад.

  1. Кирми лойхӯрак

Ин кирми дарози сурх аст, ки дар заминҳои намнок пайдо мешавад ва дар вақтҳои боридани борон ва рӯзҳои мавсимҳои баҳору тирамоҳ аз замин берун меояд. Вақтҳои дигар дар даруни хокҳои намнок ва ҷимзор умр ба сар мебарад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: 10,5 граммашро соида, бо оби ангур биёшоманд, пешобро меронад; бо обгӯшт, яъне бо шӯрбои гӯштин бо нахӯд ва лӯбиё пухта бошанд, бихӯранд, боҳро (пушти камарро) хеле қавӣ мегардонад. Инро дар равғани кунҷид ҷӯшонида бихӯранд, дарди гулӯи шадид ва сурфаи кӯҳнаро давои хеле хуб мебошад. Агар инро бо равғани бодом якҷо

пешина
аз 702
навбатӣ