Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӯфта бихӯранд, ҷурра (дабба)-ро, ки шикам дарида, рӯдаҳо сӯи хояҳо фуромада бошанд, шифо мебахшад ва ҷои даридаи шикамро ба ҳам меоварад; инчунин инро занҳо бихӯранд, зоиданро осон мекунад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; агар бо шароб бихӯранд, ранги баданро, ки аз зардпарвин зард гашта бошад, ҳамон соат ба ислоҳ меоварад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, бо равғани қоз (ғоз) дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Чун як миқдор кирми лойхӯракро ҷамъ намуда, бар он намак бипошанд, оберо, ки аз он ҷудо шавад, дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Ин кирмро пачак карда, гузошта банданд, варами забонро ва ҳалқро таҳлил медиҳад, рехта шудани назлаҳоро манъ мекунад.
Кирми лойхӯраки зиндаро кӯфта, ба асаби канда-шуда гузошта банданд ва то се шабонарӯз накушоянд, онро пайваст ва сиҳат мекунад; инчунин бардавом гузошта банданд, ҷароҳатҳои асабониро шифо мебахшад; бо гарди осиё хамир карда гузошта банданд, бугуми аз ҷои худ баромада беҷогаштаро ба ҷои аслиаш ва ба ҳоли аслиаш меоварад; барои ҷоҳои зарбхӯрда ва латхӯрда бибанданд, ба ибро меоварад; агар инро бо равғани мағзи зардолу сиришта, ҳамин амалро баҷо оваранд, бавосирро шифо мебахшад.
Ин кирмро дар равғани зайтун пухта ва ё инро кӯфта бо зифт ва барги каду хамир карда бимоланд, барои калон кардани олоти мардӣ давои бисёр пуртаъсир аст.
Кирми лойхӯракро бо шароб биёшоманд, пешоби бандшударо равон мекунад. Чун кирми лойхӯракро бо ғамбуски саргингардон ва наботи зард бипазанду бимоланд, барои бавосир, хунравӣ ва кафидани мақъад (маҳраҷгоҳ) доруи бемисл мебошад.
Аз кирми лойхӯрак равған ҳам тайёр мекунанд: санъати тайёр карданаш ин аст. Кирми лойхӯракро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, покиза бишӯянд, дар ду баробари вазни кирмҳо равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки кирмҳо сӯхта сиёҳ гарданд. Баъд соф намуда, равғанро ба кор баранд. (Агар маҳз дар равғани зайтун бипазанд, қувваташ муддатҳо нигоҳ дошта мешавад). Ин равғанро хоҳ бихӯранд ва ё бимоланд, барои аксари бемориҳои асабонӣ ва вобаста ба ҳолати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё